Таваҷҷӯҳи ширкатҳои хориҷӣ ба бунёди корхонаҳои коркарди нахи пахта

Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи ҳамкорӣ оид ба омӯзиши масъалаи ташхиси истеҳсолоти коркарди нахи пахта ва пашм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Протоколи ҳамкорӣ оид ба таҷҳизоти техникаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, дар ин робита ширкатҳои Конфедератсияи «TUSKON», «Ерсен Текстил» ва «Миллюза […]


Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи ҳамкорӣ оид ба омӯзиши масъалаи ташхиси истеҳсолоти коркарди нахи пахта ва пашм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Протоколи ҳамкорӣ оид ба таҷҳизоти техникаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, дар ин робита ширкатҳои Конфедератсияи «TUSKON», «Ерсен Текстил» ва «Миллюза групп» масъалаи имконияти бунёди корхонаҳои коркарди нахи пахта ва пашм ва ширкати «IGLI» масъалаи ба роҳ мондани истеҳсоли таҷҳизоти кишоварзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

Мавриди зикр аст, ки охири ҳафтаи гузашта, Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ як гурӯҳ роҳбарони ширкатҳои аъзои Конфедератсияи соҳибкорон ва саноатчиёни «TUSKON»-и Туркияро ба ҳузур пазируфта буд, ки дар ин вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика ва саноат мавриди баррасӣ қарор дода шуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".