Дархости Эстония бобати ифтитоҳи намояндагии дипломатии Тоҷикистон

Дар ҳошияи ҷаласаи ШВКХ САҲА мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Эстония Урмас Паэт баргузор гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар рафти мулоқот масъалаҳои вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Эстония дар соҳаҳои муҳими мутақобилан судманд муҳокима гардиданд. Урмас Паэт барои мусоидат дар […]

ASIA-Plus


Дар ҳошияи ҷаласаи ШВКХ САҲА мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Эстония Урмас Паэт баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар рафти мулоқот масъалаҳои вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Эстония дар соҳаҳои муҳими мутақобилан судманд муҳокима гардиданд.

Урмас Паэт барои мусоидат дар кори озод кардани ҳавонаварди эстонӣ Алексей Руденко ба ҷониби Тоҷикистон изҳори сипос гуфт. Ҳамзамон ҳалли мушкили мазкур сирф дар асоси дипломатӣ махсус қайд гардид.

Дар баробари ин, У. Паэт хоҳиши ҷониби кишвараш дар бораи кушодани намояндагии дипломатии Тоҷикистон ва таъини Сафири Тоҷикистон дар Эстонияро расонд, ки метавонад боиси тақвияти минбаъдаи муносибатҳо миёни ду кишвар шавад.

Ҷонибҳо ҳамчунин доираи васеи масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ намуданд. Ба рушди робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни ду кишвар ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ташкилотҳои байналхалқӣ аҳамияти махсус дода шуд. Ҷониби эстонӣ изҳори омодагӣ намуд, ки кӯшишҳои Тоҷикистонро баҳри дохил шудан ба СУС дастгирӣ мекунад.

У. Паэт ҳамчунин ба ҳамсӯҳбати худ иттилоъ дод, ки имконияти таҳсили дипломатҳои ҷавони тоҷик дар Академияи дипломатии Эстония вуҷуд дорад.

Дар фарҷоми сӯҳбат Ҳ.Зарифӣ ҳамтои худро барои иштирок дар кори Конфронси RECCA-V, ки дар ш.Душанбе 26-27 марти соли 2012 баргузор мегардад, ҳамчунин дар чорабиниҳои ҷашнии бахшида ба Наврӯз дар соли 2012 даъват намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.