Ифтитоҳи корхонаи коркарди нахи пахта дар ноҳияи Бохтар

 Дар арафаи Соли нави мелодӣ, дар ноҳияи Бохтар корхонаи коркарди пахтаи ХММ «Агровет» ба кор оғоз намуд. Корхонаи мазкур бо маблағгузории «Тоҷиксодиротбонк» бунёд карда шуд. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вило яти Хатлон хабар доанд, сохтмони корхона моҳи сентябри соли ҷорӣ оғоз ёфта, дар мӯддати кӯтоҳ   мавриди истифода қарор дода шуд. Дастгоҳҳои корхона таҷҳизотҳои  истеҳсоли […]

ASIA-Plus


 Дар арафаи Соли нави мелодӣ, дар ноҳияи Бохтар корхонаи коркарди пахтаи ХММ «Агровет» ба кор оғоз намуд. Корхонаи мазкур бо маблағгузории «Тоҷиксодиротбонк» бунёд карда шуд.


Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вило

яти Хатлон хабар доанд, сохтмони корхона моҳи сентябри соли ҷорӣ оғоз ёфта, дар мӯддати кӯтоҳ   мавриди истифода қарор дода шуд. Дастгоҳҳои корхона таҷҳизотҳои  истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, иқтидорнокиашон коркарди то 20-ҳазор тонна пахта дар як сол мебошад. Ба кор оғоз намудани  корхонаи мазкур имкон дод, ки 130 нафар бо ҷойи кор таъмин гарданд.

Корхона аллакай дар мавсими пахтақабулкунии имсола 3277 тонна маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқониро қабул намудааст.

Чунин корхонаи нав бо номи ХС «Беҳрӯзи Мурод» бо дастгирии «Тоҷиксодиротбонк» дар ноҳия Абдураҳмони Ҷомӣ низ ба кор шурӯъ кард.

Иқтидорнокии корхона коркарди 20 ҳазор тонна пахта дар як сол буда, дар он айни замон 130 нафар коргарон бо кори доимӣ фаро гирифта шудаанд. Корхона дар мавсими пахтақабулкунии имсола аз хоҷагиҳои деҳқонӣ 425 тонна пахтаро қабул намудааст.

Бо мақсади ҳарчи бештар коркард намудани ашёи хоми маҳаллӣ ва амалӣ намудани Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда дар давраи то соли 2015, муассисони корхонаҳои номбурда тасмим гирифтаанд, ки ҷиҳати дар ояндаи наздик дар корхонаҳои ресандагии вилоят коркард намудани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ тадбирҳо  андешанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.