Муҳлати ҷазои падари Алӣ Бедакӣ сеяк кам карда шуд

Нисбат ба Музаффар Давлатови 73-сола, падари яке аз собиқ фармондеҳони саҳроӣ Аловуддин Давлатов (Алӣ Бедакӣ) қонуни афв татбиқ карда шуд. Дар ин бора ба журналистон муовини раиси Суди олии ҶТ, раиси ҳайати мушовараи низомии Суди олии ҶТ Абдуҷаббор Сатторов хабар дод. Моҳи ноябри соли гузашта нисбат ба 28 нафар сокинони водии Рашт, ки ба дастгирии […]

Наргис Ҳамробоева


Нисбат ба Музаффар Давлатови 73-сола, падари яке аз собиқ фармондеҳони саҳроӣ Аловуддин Давлатов (Алӣ Бедакӣ) қонуни афв татбиқ карда шуд. Дар ин бора ба журналистон муовини раиси Суди олии ҶТ, раиси ҳайати мушовараи низомии Суди олии ҶТ Абдуҷаббор Сатторов хабар дод.

Моҳи ноябри соли гузашта нисбат ба 28 нафар сокинони водии Рашт, ки ба дастгирии гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша айбдор дониста шуданд, ҳукми суд содир шуд.

Миёни онҳо Музаффар Давлатов низ ҳузур дошт, ки барои ташкил ва иштирок дар гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша (моддаи 185, қ. 1-и КҶ ҶТ) ба 7 соли зиндон маҳкум гардид.

«Мутобиқи қонуни афв, муҳлати ҷазои Давлатов сеяк кам шуда, шикояти кассатсионии пас аз содир шудани ҳукм воридгардида баррасӣ ва ҳукм бетағйир боқӣ гузошта шуда, ҳукми қонунӣ гирифт», – гуфт Сатторов.

Аз 28 нафари маҳкумшуда 7 нафар ба ҳабси абад маҳкум гардида, боқимонда ба муҳлатҳои гуногуни маҳрумият аз озодӣ то 30 сол ҷазо гирифтанд. Якчанд нафар аз ин гурӯҳ барои огоҳ накардан дар бораи тайёрии содир намудани ҷиноят ба муҳлатҳои 2-3 сол равонаи зиндон гардиданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.