Ёрии ИА дар мушаххас кардани хатти сарҳадии водии Фарғона

Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи лоиҳаи нав, ки раванди демаркатсияи сарҳад дар водии Фарғона ва минтақа кӯмаки техникӣ мерасонад, оғоз намуд. Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, зимни як қатор ҷаласаҳо хадамоти илмии дохилии Комиссияи Аврупо, Маркази муштараки илмӣ-тадқиқотӣ, ки амалиёти лоиҳаро ба зима дорад, нақшаи чорабинӣ ва ҳаҷми кӯмаки техникии пешбинишударо […]

ASIA-Plus



Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи лоиҳаи нав, ки раванди демаркатсияи сарҳад дар водии Фарғона ва минтақа кӯмаки техникӣ мерасонад, оғоз намуд.


Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, зимни як қатор ҷаласаҳо хадамоти илмии дохилии Комиссияи Аврупо, Маркази муштараки илмӣ-тадқиқотӣ, ки амалиёти лоиҳаро ба зима дорад, нақшаи чорабинӣ ва ҳаҷми кӯмаки техникии пешбинишударо ба намояндагони шӯъбаи Дастгоҳи президент оид ба демаркатсияи сарҳад, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати молия ва дигар мақомоти дахлдор пешниҳод кард. Ҷаноби Эдуард Ауэр, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар ҷаласаи нахустин иштирок намуд.


Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо барои ҳар як кишвари иштироккунанда аксҳои радифии минтақаҳои сарҳадиро таъмин мекунад. Инчунин ба онҳо таҷҳизоти фотограмметрикӣ ва компютерӣ низ дода мешавад.


Илова ба ин, Иттиҳоди Аврупо таҷҳизоти мавқеъмуайянкунии геодезиро барои аниқ муқаррар намудани координатҳо ва баландии минтақа бепул таъмин менамояд. Маълумотҳои бадастомада ва таҷҳизот метавонанд дар давоми ҷаласаи комисссияҳои тарафайн оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад ва ҳамчунин аз тарафи шӯъбаҳои назорати сарҳад истифода гарданд.


Муҳлати дарнардоштшудаи лоиҳа 18 моҳ ва буҷети тақрибии он 1312500 Евроро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.