Тасҳеҳи қонун «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2012» дар парлумон

Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонун «Дар бораи буҷети давлатии ҶТ барои соли 2012» мавриди баррасӣ қарор мегирад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, ин тағйироту илова аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудаанд. Дар ҳамин […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонун «Дар бораи буҷети давлатии ҶТ барои соли 2012» мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, ин тағйироту илова аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудаанд. Дар ҳамин ҳол, ӯ аз шарҳи маҳз ба кадом моддаҳои қонун тағйирот ворид шудан худдорӣ кард.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин баррасии лоиҳаҳои қонунҳои ҶТ «Дар бораи ангишт», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», тасдиқи лоиҳаи муқаррарот «Дар бораи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ» ва масъалаи тасдиқи Созишнома миёни кишварҳои узви ИДМ «Дар бораи мубориза бо хариду фурӯши инсон» низ дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2012», ки онро палатаи поёнии апрлумон моҳи ноябри соли 2011 қабул кард, соли равон қисмати даромади буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 10 млрд. 160 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 1 млрд. 860 млн. сомонӣ зиёдтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.