Миёни ҳалокшудагон дар сӯхтори Маскав тоҷикон ҳузур надоранд

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар медиҳад, ки рӯзи гузашта тақрибан соати 05:00-06:00 дар бозори масолеҳи сохтмонии Бутовойи шимолӣ, воқеъ дар шоҳроҳи Варшавска 166 ҳодисаи сӯхтор рух дод. Гуфта мешавад, аз лаҳзаи оғоз, гуруҳи корӣ дар ҳайати  кормандони Сафорат ва  Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар ФР ташкил карда шуд ва онҳо ҷиҳати муайян […]

ASIA-Plus


Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар медиҳад, ки рӯзи гузашта тақрибан соати 05:00-06:00 дар бозори масолеҳи сохтмонии Бутовойи шимолӣ, воқеъ дар шоҳроҳи Варшавска 166 ҳодисаи сӯхтор рух дод.

Гуфта мешавад, аз лаҳзаи оғоз, гуруҳи корӣ дар ҳайати  кормандони Сафорат ва  Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар ФР ташкил карда шуд ва онҳо ҷиҳати муайян намудани ҳолати  фоҷиа, шахсони ҷабрдида ва ҳалокгашта ба ҷои ҳодиса фиристода шудаанд.

Тибқи маълумоти бадастомада, ин сўхтор дар яке аз анборҳои дуошёнаи (ангар) Маркази савдо рух дод, ки

дар он 17 нафар ҳалок гардиданд.

Муайян карда шуд, ки миёни ҷабрдидагон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуданд.

Сафорат ва Намояндагии Хадомоти Муҳочирати Тоҷикистон дар Россия бо мақомоти Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ва фавқулодда, инчунин муфаттишони Кумитаи тафтишот дар алоқаи  доимӣ буда, пайваста вазъро назорат доранд.

Дар ҳамин ҳол, ВАО-и Русия хабар дода буданд, ки ҳамаи 17 тан ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Аммо қотеона наметавон гуфт, ки миёни ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доштанд ё на, зеро ҷасадҳо хеле сахт сӯхта, қариб шинохтанашавандаанд ва шояд барои муайян кардани шахсияти фавтидагон баргузор намудани ташхиси генетикӣ лозим ояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.