Омодагии Туркия ба кумак дар таъмири масҷиди марказии пойтахт

Мақомоти олии динии Туркия – Диёнат ба кумак расонидан дар таъмир ва азнавсозии масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба номи Имом Тирмизӣ омодагӣ изҳор кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Атовулло Қосимов хабар дод, чанде қабл як ҳайати Тоҷикистон бо шумули намояндагони Шӯрои уламо, Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ ва кормандони Дастгоҳи иҷроияи […]

Меҳрангез Турсунзода


Мақомоти олии динии Туркия – Диёнат ба кумак расонидан дар таъмир ва азнавсозии масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба номи Имом Тирмизӣ омодагӣ изҳор кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Атовулло Қосимов хабар дод, чанде қабл як ҳайати Тоҷикистон бо шумули намояндагони Шӯрои уламо, Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ ва кормандони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аз Туркия боздид намуда, бо мақомоти раҳбарии Диёнат дар ин хусус гуфтушунид анҷом додаанд.

Дар ҷараёни сафар ҳайати Тоҷикистон аз ҷониби Туркия ҳамчунин дархост кардааст, ки дар нашри китоби Қуръон барои нобиноён низ ёрӣ расонанд. «Дар Тоҷикистон ҳудуди 3 ҳазор нафар нобиноён ба сар мебаранд ва ҳамаи онҳо хоҳиши хондани Қуръонро доранд. Мо тавонистем, ки ҳамагӣ 200 нусхаи китоби Қуръон барои нобиноёнро нашр намоем, ки албатта, ин миқдор кифоя нест», – гуфт Қосимов.

Ба гуфтаи вай, ҳайати Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ ба таҷрибаи Туркия оид ба бозомӯзии имомхатибон таваҷҷуҳ зоҳир сохтаанд. «Дар Туркия ҳамасола имомхатибон дар курсҳои бозомӯзӣ донишу таҷрибаи худро такмил медиҳанд», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.