Паёми сарвари давлат ба парлумони Тоҷикистон

Рӯзи 20-уми апрел дар Душанбе ҷаласаи муштараки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир мегардад, ки дар он сарвари давлат бо паёми ҳамасола ба парлумон ва мардуми кишвар муроҷиат хоҳад кард. Чуноне Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ин бора 3-уми апрели соли равон раиси […]

Аваз Юлдошев


Рӯзи 20-уми апрел дар Душанбе ҷаласаи муштараки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир мегардад, ки дар он сарвари давлат бо паёми ҳамасола ба парлумон ва мардуми кишвар муроҷиат хоҳад кард.

Чуноне Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ин бора 3-уми апрели соли равон раиси МН МО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров қарори дахлдор ба имзо расонд.

Бино ба маълумоти як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ, дар паёми имсола усулҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар муайян карда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, ба ҷаласаи муштарак ба ҷуз аъзои ҳарду палатаҳои парлумон, ҳамчунин намояндагони ҳукумати ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон даъват шудаанд.

Дар паёми анъанавии соли гузаштаи сарвари давлат ба таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида буд. Сарвари давлат зикр намуда буд, ки тамоми тарҳу лоиҳаҳои рушди ҷумҳурӣ барои расидан ба се ҳадафи асосӣ – таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳо кардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амняти ғизоӣ таҳия шудаанд. Ҳамчунин сарвари давлат муҳим будани ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва таҳкими сулҳу амниятро махсус таъкид карда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.