Коршинос: Шикасти сиёсати хориҷии Тоҷикистон тайи 10 соли ахир возеҳ аст

Дар паёми навбатии ҳамасолаи худ ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бешубҳа ба сиёсати хориҷӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад намуд ва ин натанҳо ба муҳосираи эълоннашудаи роҳи оҳан ва баста шудани лӯлаи газ аз ҷониби Тошканд марбут хоҳад буд, балки ин ҷо дигар сабабҳо низ мавҷуданд, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшиноси […]

Аваз Юлдошев


Дар паёми навбатии ҳамасолаи худ ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бешубҳа ба сиёсати хориҷӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад намуд ва ин натанҳо ба муҳосираи эълоннашудаи роҳи оҳан ва баста шудани лӯлаи газ аз ҷониби Тошканд марбут хоҳад буд, балки ин ҷо дигар сабабҳо низ мавҷуданд, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшиноси тоҷик Нуралӣ Давлат.

Ба андешаи ӯ, шикастҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон тайи 10 соли ахир баръало возеҳ шуданд.

«Бубинед, мо як қисмате аз қаламравамонро ба Чин гузашт кардем, Русия дар ин ҷо пойгоҳи низомӣ таъсис дод, ИМА қаламрави Тоҷикистонро ҳамчун роҳи транзитӣ истифода мекунад. Аммо кӣ кафолат дода метавонад, ки ин абарқудратон аз ин бештареро талаб нахоҳанд кард?», – суол медиҳад коршинос ва таъкид месозад, ки Маскав аллакай тамдиди муҳлати будубоши низомиёнаш ба мудддати 49 солро дорад.

«Куҷост кафолат, ки дигар Чин дубора даъвои гузашти қаламрав намекунад? ИМА нисбат ба минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ як қатор лоиҳаҳо дорад. Ҳамсоякишвари мо Ӯзбекистон мухолифи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» буда, Ислом Каримов баҳри дастгирии ҷомеаи байнулмилалӣ дар ин масъала кӯшиши зиёд ба харҷ дод. Маълум шуд, ки истиқлолияти энергетикии моро Маскаву Вашингтон на он қадр хуш доранд. Изҳороти Медведеву Клинтонро дар ин хусус метавонед ба хотир оред», – таъкид кард вай.

Дар идома ӯ иброз дошт, ки умедҳои Тоҷикистон аз ҷаҳони ислом низ ҷомаи амал напӯшид. Кишварҳои сарватманди олами араб нишон доданд, ки онҳо ба лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва истиқлолияти энергетикии мо таваҷҷуҳе надоранд. «Танҳо амири Қатар сохтмони як масҷид бо арзиши 100 млн. доллари ИМА-ро ваъда дод», – гуфт ӯ.

Н.Давлат ҳамчунин таъкид кард, ки ду даҳсолаи давраи соҳибистиқлолии мо гувоҳи онанд, ки тамоми сиёсат, аз ҷумла сиёсати хориҷии мо тавассути озмоишҳои сершумор ва ба иштибоҳҳо роҳ додан роҳандозӣ мешавад ва аз ин рӯ, ҳама чиз барои мо ногаҳонӣ аст.

«Имрӯз худи ҳаёт ба мо дубора бозбинии сиёсати хориҷии бисёрсамта ва муайян кардани вазифаҳои афзалиятнок дар ин соҳаро талқин месозад. Барои мо консепсияи нав ва кадрҳои соҳибтаҷрибаву корозмуда заруранд. Дар акси ҳол, ояндаи наздик истиқлолияти мо ба як расмияти зоҳирӣ табдил меёбад. Созмону иттиҳодҳое ба гунаи ИДМ, СААД, СҲШ ва ЕвразЭС ҳатто ба ҳалли муноқишаи миёни кишварҳои узвашон ва мушаххасан миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон омода нестанд. Дар консепсияи нави сиёсати хориҷӣ дар баробари таҷрибаи андӯхта, ин ҳолатро низ мебояд ба эътибор гирифт», – афзуд коршинос.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.