Изҳори миннатдорӣ ба намояндаи комиссияи Олии СММ оид ба энергияи устувор

Чанде қабл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо ҳайати Комиссияи Олии Созмони Милали Муттаҳид таҳти роҳбарии Луиз Гомез Эчеверри, Ёвари Дабири кулли СММ, ки ба Душанбе ташриф овардаанд, сурат гирифт. Тавре аз хадамоти матбуот вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар оғоз Ш.Раҳимзода барои дастгирӣ ва […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо ҳайати Комиссияи Олии Созмони Милали Муттаҳид таҳти роҳбарии Луиз Гомез Эчеверри, Ёвари Дабири кулли СММ, ки ба Душанбе ташриф овардаанд, сурат гирифт.

Тавре аз хадамоти матбуот вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар оғоз Ш.Раҳимзода барои дастгирӣ ва ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ба ҳайати Комиссияи Олии Созмони Милали Муттаҳид изҳори миннатдорӣ намуд. Ҳамчунин ҷонибҳо дар рафти мулоқот баҳри рушди соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, энергетика, бахши хусусӣ ва татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар мубодилаи афкор намуданд.

Ёдрас мекунем, ки ҳамчунин дар Душанбе мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ бо Ёвари дабири кулли СММ, роҳбари ҳайати Комиссияи олии СММ оид ба татбиқи ташаббуси «Энергияи устувор барои ҳама» Луис Горатсио Гомес Ечеверри доир гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.