Душанбе изҳороти ҳукуматдорони ӯзбекро рад мекунад

Коршиноси масоили захоири обӣ Баҳром Ғаффоров, ки Тоҷикистонро дар кори Форуми VI-уми ҷаҳонии об дар шаҳри Марсел (Фаронса, 12-17-уми март) намояндагӣ кард, иттилои хадамоти матбуоти Ҳаракати экологии Ӯзбекистон перомуни аз ҷониби Форуми ҷаҳонии об дастгирӣ шудани мавқеи Ӯзбекистон бобати лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун»-ро носаҳеҳ ва бидуни эътимоду ғайриҳирфаӣ арзёбӣ кард. Ин иттилоъ дар сомонаи хабаргузории Regnum […]

Наргис Ҳамробоева


Коршиноси масоили захоири обӣ Баҳром Ғаффоров, ки Тоҷикистонро дар кори Форуми VI-уми ҷаҳонии об дар шаҳри Марсел (Фаронса, 12-17-уми март) намояндагӣ кард, иттилои хадамоти матбуоти Ҳаракати экологии Ӯзбекистон перомуни аз ҷониби Форуми ҷаҳонии об дастгирӣ шудани мавқеи Ӯзбекистон бобати лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун»-ро носаҳеҳ ва бидуни эътимоду ғайриҳирфаӣ арзёбӣ кард.

Ин иттилоъ дар сомонаи хабаргузории Regnum санаи 18-уми апрел таҳти унвони «Форуми ҷаҳонии об аз мавқеи Ӯзбекистон дар мавриди лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун» пуштибонӣ намуд» ба табъ расид.

Ғаффоров дар робита ба ин масъала гуфт, Форуми ҷаҳонии об як рӯйдоди иҷтимоии глобалӣ будаву ҳадафи баргузории он огаҳии бештар пайдо кардан аз мушкилоти глобалии об дар саросари дунё аст. «Форум чорабинии сиёсӣ набуда, дар он ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри баррасии ва роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷудаи об гирдиҳам меоянд», – иброз дошт коршинос.

Ба қавли вай, дар саросари дунё 263 ҳавзаи фаромарзии рӯдхонаҳо мавҷуданд, ки тайи 50 соли ахир ба сар задани беш аз 500 ихтилофоти «обӣ» боис шудаанд ва 21 маротиба ин мушкилот ба зиддиятҳои низомӣ оварда расонидааст. «Аз ин рӯ, мутмаинона метавон гуфт, ки пуштибонии мавқеи яке аз ҷонибҳо дар форумҳои ба ин монанд аз нигоҳи дипломатӣ номатлуб буда воқеъгароёна нест ва дар партави раванди ҷаҳонишавии муосир ғайриимкон аст», – изҳор кард коршинос.

Ғайр аз ин, идома дод коршинос, дар форуми зикршуда ҳамагӣ ду чорабинӣ – иҷлосияи иттилоотӣ ва мизи гирди сатҳи олӣ доир гардида, дар он вазири мелиоратсия ва захираҳои обии Тоҷикистон изҳор дошт, ки Тоҷикистон оид ба масоили мушкилоти об ҳамеша ба муколамаву гуфтушунид омода аст.

«Ҳайати Ӯзбекистон бо маърӯзаи седақиқагӣ иктифо карда, аммо ҳеҷ яке аз пешниҳодоти матни он дар асноди натиҷавии форум таҷассум наёфт. Агар ошкоро бигӯем, маърӯзаи ҳайати кишвари ҳамсояи нисбат ба маърӯзаҳои ҳайатҳои дигар хеле одиву ночиз буд», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.