Маҳкумияти аъзои гурӯҳи нашъаҷаллоб дар Душанбе

Бародарон Давлатов Абдуғафор,  Давлатов Маҳмадҳалим ва Давлатов Абдусатор, зода ва истиқоматкунандагони  деҳаи Саричашмаи шаҳри Кӯлоб ва шаҳрванд Ҳамидуллоев Ҷумахон сокини ҷамоати Турдиеви ноҳияи Ҳамадониро Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии шаҳри Душанбе барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштан, интиқол додан ва хариду фурӯши маводи нашъадор маҳкум намуд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, санаи 26-27-уми майи […]

ASIA-Plus


Бародарон Давлатов Абдуғафор,  Давлатов Маҳмадҳалим ва Давлатов Абдусатор, зода ва истиқоматкунандагони  деҳаи Саричашмаи шаҳри Кӯлоб ва шаҳрванд Ҳамидуллоев Ҷумахон сокини ҷамоати Турдиеви ноҳияи Ҳамадониро Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии шаҳри Душанбе барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштан, интиқол додан ва хариду фурӯши маводи нашъадор маҳкум намуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, санаи 26-27-уми майи соли 2011 ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ як гурӯҳи муташаккили нашъаҷалобон дастгир гардида, ҳангоми анзазаргузаронӣ аз дохили борхалтаи шаҳрванд Ҳамидуллоев Ҷумахон  маводи нашъадори навъи «афюн», ки вазнаш 4 кг. 408 граммро ташкил медод, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Инчунин аз бародарон Абдусаттор, Маҳмадҳалим ва Абдуғаффор Давлатовҳо дар 13 бастаҳои селофанӣ, ки дар дохили он маводи нашъадори «Бангдона» вазнаш 3 кг. 870 грамм,  «афюн» дар ҳаҷми 3 кг. 950 грамм ва ҳашиш  5 кг. 310 грамм ҷой дошт, дарёфт ва мусодира карда шуда буд.

Бояд қайд кард, ки айбдоршаванда  Давлатов Абдуғафор пеш бо моддаи 200  қисми 4, банди «д»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мӯҳлати 15-сол суд шуда буд. Суд маводҳои парвандаро муҳокима намуда, нишондоди судшавандаҳо, шоҳидон ва баромади тарафҳоро шунида, судшаванда Ҳамидуллоев Ҷумахонро тибқи моддаи 200, қисми 4, банди «д»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мӯҳлати 14-сол аз озодӣ маҳрум кард. Бародарон Абдусаттор ва Маҳмадҳалим Давлатовҳо бо моддаи 200, қисми 4, банди «д»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳкор дониста шуда, ба мӯҳлати 12-сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Абдуғафор Давлатов низ бо моддаи 200, қисми 4, банди «д»-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати 18-сол таъин гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...