Ба муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Украина 20 сол пур шуд

Чанде қабл дар пойтахти Украина – шаҳри Киев бахшида ба 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Украина таҳти унвони «Тоҷикистону Украина дар фазои Авруосиёӣ. Намунаи муколама» конфронси байнулмилалӣ доир гардид. Конфронси мазкур аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Украина ва Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко созмон дода шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти […]

Виктория Наумова


Чанде қабл дар пойтахти Украина – шаҳри Киев бахшида ба 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Украина таҳти унвони «Тоҷикистону Украина дар фазои Авруосиёӣ. Намунаи муколама» конфронси байнулмилалӣ доир гардид.

Конфронси мазкур аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Украина ва Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко созмон дода шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сафорати ҶТ дар Украина, дар кори конфронс роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, намояндагони Вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳо, кормандони вазорату идораҳои дахлдори Украина, олимону нависандагон, арбобони илму фарҳанг, донишҷӯён, аҳли ҷомеа, намояндагони диаспораҳои тоҷикион ва рӯзноманигорон ширкат варзидаанд.

Иштирокчиёни конфронс зикр карданд, ки тӯли солҳои сипаришуда миёни Украинаву Тоҷикистон ҳамкориҳои судманди иқтисодиву фарҳангӣ ва илмӣ ба роҳ монда шуда, робита миёни минтақаҳо ва корхонаҳои истеҳсолии кишварҳо дар ҳоли густаришанд.

Дар ҳамин ҳол, таъкид шуд, ки миёни кишварҳо муносибатҳои бовариноку боэътимод роҳандозӣ шуда, дар баррасиву ҳалли масоили муҳими сиёсати байнулмилалӣ ҳамеша ҳусни тафоҳум ҳосил мегардад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.