Сатҳи таваррум дар чор моҳ 1,9%-ро ташкил дод

Сатҳи таваррум дар зарфи чор моҳи аввали соли равон дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 1,9%-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар ин давра қимати маводи ғизоӣ ба андозаи 1,3% коҳиш ёфтаааст. Дар ҳамин ҳол, қимати дигар маҳсулоти ғайриғизоӣ дар ҳаҷми 2,5% ва тарофаҳо ба хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ 14,9% зиёд шудаанд. […]

Пайрав Чоршанбиев


Сатҳи таваррум дар зарфи чор моҳи аввали соли равон дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 1,9%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар ин давра қимати маводи ғизоӣ ба андозаи 1,3% коҳиш ёфтаааст. Дар ҳамин ҳол, қимати дигар маҳсулоти ғайриғизоӣ дар ҳаҷми 2,5% ва тарофаҳо ба хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ 14,9% зиёд шудаанд.

Суръати миёнаи моҳонаи таваррум дар бахши истеъмолӣ 0,5% (дар ҳамин давраи соли гузашта 1,5%)-ро ташкил дод.

Моҳи апрели соли равон сатҳи таваррум ба 0,7% баробар шуд. Моҳи апрел қимати маводи ғизойӣ ба андозаи 0,6% поин рафта, арзиши маҳсулоти ғайриғизойӣ ва тарофаҳо ба хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ мутаносибан ба миқдори 0,8 ва 5,6% боло рафтанд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ ният дорад, ки то ахири соли равон таваррумро дар сатҳи 10,5% нигоҳ дорад. Тибқи натиҷаҳои соли 2011 сатҳи таврррум дар Тоҷикистон 9,3%-ро ташкил дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.