Барои вакилони ҳамаи сатҳҳо донистани забони давлатӣ ҳатмӣ шуд

Тибқи як қатор тағйироту иловаҳои воридшуда ба қонунҳои ҷумҳурӣ, ки имрӯз дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон маъқул шуморида шуданд, барои вакилони ҳамаи сатҳҳо донистани забони давлатӣ ҳатмӣ шуд. Ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳа» […]

Аваз Юлдошев


Тибқи як қатор тағйироту иловаҳои воридшуда ба қонунҳои ҷумҳурӣ, ки имрӯз дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон маъқул шуморида шуданд, барои вакилони ҳамаи сатҳҳо донистани забони давлатӣ ҳатмӣ шуд.

Ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳа» тағйироту иловаҳо ворид гардиданд, ки мутобиқи онҳо, аз ин ба баъд аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бояд ҳатман забони давлатиро донанд.

Дар суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ Додихудо Саймиддинов изҳор кард, ки мутобиқи Сарқонун, тамоми асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар ҳамаи сатҳҳо бо забони давлатӣ таҳия ва қабул мешаванд ва аз ин рӯ, шахсоне, ки ба таҳияи қонунҳо машғуланд, бояд забони давлатиро донанд.

Дар робита ба ин масъала вакили парлумон, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ чунин ибрози андеша намуд, ки тағийроту иловаҳои мазкур мантиқианду ба шарҳу тавзеҳ ниёз надоранд, вале дар онҳо механизми муайян кардани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби вакилон зикр нашудааст.

Ба гуфтаи Д.Саймиддинов, сатҳи забони давлатиро донистани вакилони оянда ҳангоми маъракаи пешазинтихоботӣ аз ҷониби комиссияҳои интихоботии дахлдор муайян карда хоҳад шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.