Баррасии масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ дар Душанбе

Чанде қабл дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовинон, аъзоён, котиботи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Муовини Директори Агентӣ Бунафша Одинаева ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъаовар баргузор гардид. Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи агентии мазкур иттилоъ доданд, иштироккунандагони ҷаласа […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовинон, аъзоён, котиботи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Муовини Директори Агентӣ Бунафша Одинаева ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъаовар баргузор гардид.

Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи агентии мазкур иттилоъ доданд, иштироккунандагони ҷаласа масъалаҳои натиҷаҳои омӯзиши рафти иҷрои «Барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012»-ро муҳокима карданд.

Дар аввал маълумоти Муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Одинаева дар бораи натиҷаҳои омӯзиши рафти иҷрои Барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 шунида шуд. Қайд карда шуд, ки рафти иҷрои Барномаи мазкур аз ҷониби гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор гирифт. Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки вазорат, кумита ва идораҳои мутассадӣ аз ҳисоби захираҳои дохилӣ, ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва бо ҷалби маблағҳои ташкилотҳои донор тавонистанд  ҷиҳати татбиқи Барнома корҳои назаррасро ба анҷом расонанд. Дар баробари ин қайд карда шуд, ки дар рафти санҷиш баъзе камбудиҳо низ ошкор гардиданд.

Намояндаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати такмил додани ҳисоботи оморӣ оид ба натиҷаҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор бо мақсади таъмини воқеияти он, истиснои такроран ба ҳисоб гирифтани натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ гузориш дод.

Директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ба номи профессор М. Ғуломов Маҳмадраҳим Малахов оид ба вазъи нашъамандӣ ва расонидани ёрии наркологӣ ба беморони гирифтори нашъамандӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ маълумот дода, қайд намуд, ки ҷиҳати инкишофи шаклҳои самараноки хизматрасонӣ ба аҳолӣ чораҳо андешида мешаванд. Дар самти такмили сохтор ҷиҳати офиятбахшии шахсиятҳои вобаста Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии тиббию иҷтимоии «Тангаӣ» дар назди Вазорати тандурустӣ таъсис дода, дар заминаи он ҳамаи барномаҳои офиятбахшӣ ба роҳ монда шудааст. Қайд карда шуд, ки дар назди марказҳои наркологӣ барномаҳои кам кардани зарар, аз ҷумла барномаи табобати ҷойивазкунанда ба роҳ монда шудааст.

Муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Дилафрӯз Амирқулова дар маълумоташ таъкид карданд, ки дар ҳамкорӣ бо АНМН, бо иштироки мутассадиёни вазорату идораҳои дахлдор ва мутахассисони соҳаҳои мухталиф дар ин давра як зумра намоишҳои телевизионӣ ва барномаҳои радиоӣ. ки масъалаҳои нашъамандӣ ва пешгирии онро дар бар гирифтаанд, таҳия гардида, дар шабакаҳои радио пахш ва ба воситаи барномаҳои телевизион намоиш дода шуданд.

Дар хотимаи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъаовар, бо мақсади фаъолияти пурсамар оид ба ислоҳи камбудию норасогиҳои ошкоргардида дар доираи «Барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки соли 2012 ҷамъбаст мегардад, Нақшаи чорабиниҳо қабул карда шуд ва барои иҷрои саривақтии он вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.