Боздиди ҳайати ҲНИТ аз шаҳри Хоруғ

Аз 4 то 6-уми август як ҳайати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини раиси ҳизб Маҳмадалии Ҳаит бо мақсади шиносоии наздик аз вазъи сиёсиву иҷтимоии ВМКБ, баргузор намудани як силсила вохӯриҳо бо аъзои ҲНИТ ва намояндагони ҳукумат аз шаҳри Хоруғ боздид намуд. Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҳизб Маҳмадалии Ҳаит изҳор […]

Аваз Юлдошев


Аз 4 то 6-уми август як ҳайати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини раиси ҳизб Маҳмадалии Ҳаит бо мақсади шиносоии наздик аз вазъи сиёсиву иҷтимоии ВМКБ, баргузор намудани як силсила вохӯриҳо бо аъзои ҲНИТ ва намояндагони ҳукумат аз шаҳри Хоруғ боздид намуд.

Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҳизб Маҳмадалии Ҳаит изҳор кард, ки дар ҷараёни сафар ҳайат ба бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ ташриф овард. «Дафтари кории ҲНИТ дар ВМКБ аз макони баргузории марҳилаи фаъоли амалиёти низомии нерӯҳои ҳукуматӣ дар масофаи дур воқеъ аст, вале бо сабабҳои алҳол барои мо номаълум, он зери оташфишонӣ қарор гирифтааст», – гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, дар бинои РВКД Тоҷикистон дар ВМКБ ҳайати ҳизб бо намояндаи ВКД-и ҷумҳурӣ генерал-майор Давлатназар Булбулшоев мулоқот ороста, дар он масоили ҳамкориҳои ҷонибҳо баҳри расидан ба сулҳу созиш дар ҷомеа баррасӣ шудаанд.

«Мо ҳамчунин манзили зисти раиси бахши ҲНИТ дар ВМКБ Сабзалӣ Мамадризоевро зиёрат намуда, ба аҳли оила ва наздикони ӯ арзи тасаллият баён намудем», – гуфт М.Ҳаит.

Муовини раиси ҲНИТ иброз дошт, ки дар Хоруғ ҷаласаи фаъолони ҲНИТ дар ВМКБ доир гардида, дар он Муслима Бороимшоева иҷрокунандаи вазифаи раиси бахши ҲНИТ дар вилоят таъин карда шудааст.

«Мо аз аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ дар ВМКБ даъват ба амал овардем, ки ба сохторҳои ҳукумат дар кори таъмини субот дар вилоят мусоидат намоянд», – афзуд номбурда.


Акс аз хабаргузории Би-Би-Сӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.