Талаби коммунистон бобати таъмини дастрасӣ ба сомонаи «Азия-Плюс»

Коммунистони Тоҷикистон аз ҳукуматдорон тақозо доранд, ки таъмини дастрасӣ ба сомонаи Агентии иттилоотии «Азия-Плюс» барқарор карда шавад. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов дар робита ба ин масъала гуфт, дастрасии аҳолӣ ба иттилоотро қатъ кардан лозим нест, зеро норасоии он дар замони муосир ба […]

Аваз Юлдошев


Коммунистони Тоҷикистон аз ҳукуматдорон тақозо доранд, ки таъмини дастрасӣ ба сомонаи Агентии иттилоотии «Азия-Плюс» барқарор карда шавад.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов дар робита ба ин масъала гуфт, дастрасии аҳолӣ ба иттилоотро қатъ кардан лозим нест, зеро норасоии он дар замони муосир ба пайдоши шубҳаву гумон, ноамнӣ ва овозаҳои беасос дар ҷомеа боис мегардад.

«Ҳар як сиёсатмадори солимфикр ба хубӣ огаҳ аст, ки норасоии маълумот фазои холиро ба вуҷуд меорад ва вазъи имрӯзаи саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон иттилооти зиёдеро талаб мекунад ва бахусус ҳангоме ки дар ВМКБ ҷараёни сулҳу субот оғоз гардидааст, арзиши ин иттилоот ба маротиб меафзояд», – гуфт раиси ҲКТ.

Шодӣ Шабдолов таъкид кард, ки ҳамчун сиёсатмадору вакили парлумон чандин маротиба дар бораи ин  ё он ҳаводиси ҷаҳону минтақа ва дохили ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» андешаҳои худро баён карда ва «ҳамеша аз сатҳи касбии журналистони ОИ «Азия-Плюс» қаноатманд буд, зеро онҳо дар маводи интишоршуда гуногунандеширо риоя мекарданд».

«Агар кадоме аз иттилооти ОИ «Азия-Плюс» ба ҳукуматдорон маъқул набошаду онҳо онро аз ҳақиқат дур пиндоранд, пас бигзор ба ивази бастани сомона фикру андешаҳои худро доир ба ин масъала баён кунанд», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ муътақид аст, ки тавассути маҳдуд сохтани дастрасӣ ба иттилоот набояд ақидаи худро бо зӯрӣ ба каси дигар талқин намуд.

«Бубинед, муддати аллакай беш аз як сол аст, ки алайҳи ҳукумати Башор Асад дар Сурия набарди воқеии итттилоотӣ роҳандозӣ шудааст, вале ҳукумати ӯ боре ҳам дастрасии аҳолӣ ба иттилоотро маҳдуд накардааст, – мегӯяд пешвои коммунистон. – Метавон Ҷанги Бузурги Ватаниро низ ба гунаи мисол хотиррасон намуд. Ҳангоме ки шаҳр паси шаҳри дигареро фашистон ғасб мекарданду ҳарчанд барои мардум дардовар бошад ҳам, Сталин онро пинҳон намекард», – афзуд вакили парлумон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.