Ҷашни табрики олимпичиёни тоҷик дар Душанбе

Мақомоти шаҳрдории пойтахт рӯзи 16-уми август маросими ҷашни табрики аъзои дастаи олимпии Тоҷикистонро барпо карданист. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, чорабинии табрики олимпичиён соати 20:00 дар «Боғи пойтахт» бо иштироки мухлисону сарояндаҳои маъруфи эстрадаи тоҷик доир мегардад. Ба иттилои манбаъ, дар фарҷоми барномаи фароғативу фарҳангӣ раиси пойтахт Маҳмадсаид […]

Аваз Юлдошев


Мақомоти шаҳрдории пойтахт рӯзи 16-уми август маросими ҷашни табрики аъзои дастаи олимпии Тоҷикистонро барпо карданист.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, чорабинии табрики олимпичиён соати 20:00 дар «Боғи пойтахт» бо иштироки мухлисону сарояндаҳои маъруфи эстрадаи тоҷик доир мегардад.

Ба иттилои манбаъ, дар фарҷоми барномаи фароғативу фарҳангӣ раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев аз номи мақомоти шаҳрдорӣ ба олимпичиён туҳфаҳо тақдим хоҳад кард.

Ш.Саидов таъкид дошт, ки мақомоти шаҳрдорӣ дорандаи медалҳои биринҷии Олимпиада Мавзуна Чориеваро ба таври ҷудогона қадрдонӣ хоҳад намуд. Ӯ аз ном гирифтани туҳфаи ҷудогонаи мақомоти шаҳрдорӣ ба Мавзуна Чориева худдорӣ кард.

Дар Кӯлоб низ ба пешвози Мавзуна Чориева, ки шоми имрӯз ба Душанбе меояд, ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд.

Ба гуфтаи мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти шаҳрдории Кӯлоб Саида Нурляминова, бо қарори раиси шаҳр ба Мавзуна Чориева як манзили панҷҳуҷра дар яке аз шаҳракҳо ё ба ивази он дар бинои баландошёнаи маркази шаҳр хонаи панҷҳуҷрагӣ тақдим карда мешавад. «Ҳамчунин манзили волидони варзишгар аллакай пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуд», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Нурляминова, соҳибкорони хеле зиёди шаҳр низ дар тақдими туҳфа ба Мавзуна Чориева миёни ҳам гӯё мусобиқае доранд. «Барои Мавзуна Чориева муъҷизаи асосӣ ҳузури духтароне миёни пешвозгирандагон хоҳад буд, ки маҳз дар пайи ибрат аз ӯ машғулиятҳо дар риштаи боксро интихоб карданд», – таъкид кард номбурда.

Аввали соли равон сарвари давлати Тоҷикистон дар бораи таъини мукофотпулӣ ба ҷоизадорони Бозиҳои олимпии XXX-ум аз Тоҷикистон фармон ба имзо расонид. Мутобиқи он ба варзишгари тоҷике, ки медали тило ба даст овард, 300 ҳазор сомонӣ, ба дорандаи медали нуқра – 250 ҳазор сомонӣ ва ба дорандаи медали биринҷии Олимпиада 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ таъин карда шуд.

Мақомоти шаҳрдории Душанбе ба варзишгарони пойтахт, ки ба гирифтани медали тилои Олимпиада сазовор мегарданд, хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим карда, онҳоро ба унвони шаҳрванди фахрии пойтахт сарфароз мегардонад. Дорандагони медалҳои нуқра ва биринҷии Олимпиада аз Тоҷикистонро мақомоти шаҳрдории пойтахт мутаносибан бо 45 ҳазор ва 35 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз хоҳад кард.

ҶСК «Ориёнбонк» дар бораи ба ҷойизадорони Бозиҳои Олимпиадаи Лондон аз Тоҷикистон туҳфа кардани автомобилҳои тамғаи «Лексус» изҳори омодагӣ кард.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ваъдаи ба ҷоизадорони Олимпиадаи Лондон-2012 миёни варзишгарони тоҷик тақдим кардани манзили дуҳуҷрагиро тасдиқ намуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.