Туҳфаҳои ҲНИТ ба Мавзуна Чориева ва Расул Боқиев

Раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ба ҳамаи варзишгарони тоҷик, ки дар олимпиада аз номи Тоҷикистон ширкат намуданд, ҷоиза ва ҳадяҳои хотиравӣ тақдим намояд. Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, тибқи иттилои қаблӣ, ба дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ Мавзуна Чориева ҳизб манзили дуҳуҷрагӣ дар пойтахт тақдим мекунад. «Ғайр аз ин, бо назардошти […]


Раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ба ҳамаи варзишгарони тоҷик, ки дар олимпиада аз номи Тоҷикистон ширкат намуданд, ҷоиза ва ҳадяҳои хотиравӣ тақдим намояд.

Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, тибқи иттилои қаблӣ, ба дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ Мавзуна Чориева ҳизб манзили дуҳуҷрагӣ дар пойтахт тақдим мекунад.

«Ғайр аз ин, бо назардошти дастовардҳои гӯштингири маъруфи тоҷик Расул Боқиев дар мусобиқоти байнулмилалӣ ва саҳми назарраси падари варзишгар – марҳум Худойназар Боқиев дар рушди варзиши Тоҷикистон, ҲНИТ қарор кард, ки ба Расул Боқиев автомашинаи тамғаи «Toyota Camry» тақдим намояд.

Ба иттилои манбаъ, аъзои дигари дастаи олимпии Тоҷикистонро низ ҲНИТ бо туҳфаҳо қадрдонӣ хоҳад намуд, вале маҳз чӣ туҳфа будани он зикр нагардид.

Маросими супоридани ҷоизаҳо ва ҳадяҳо ба ҳамаи иштирокчиёни олимпиадаи «Лондон – 2012» рӯзи 24-уми август дар қароргоҳи ҲНИТ баргузор мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.