БАТР сатҳи саводнокии молиявии тоҷиконро боло бурданист

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) лоиҳа оид ба беҳбуди сатҳи саводнокии аҳолии Тоҷикистон аз нигоҳи масоили молиявиро амалӣ карданист. Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ин лоиҳа ба беҳбуди сатҳи саводнокии молиявии аҳолии кишварҳое, ки дар онҷо рӯзгори қисмати зиёди мардум ба маблағҳои интиқолшуда аз хориҷи кишвар вобаста асту ҳаҷми пасандоз ва бахши молиявӣ ҳанӯз […]

Пайрав Чоршанбиев


Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) лоиҳа оид ба беҳбуди сатҳи саводнокии аҳолии Тоҷикистон аз нигоҳи масоили молиявиро амалӣ карданист.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ин лоиҳа ба беҳбуди сатҳи саводнокии молиявии аҳолии кишварҳое, ки дар онҷо рӯзгори қисмати зиёди мардум ба маблағҳои интиқолшуда аз хориҷи кишвар вобаста асту ҳаҷми пасандоз ва бахши молиявӣ ҳанӯз дар сатҳи паст қарор доранд, нигаронида шудааст.

Cоли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои шахсони вқеӣ ба ҷумҳурӣ ба 3 млрд. доллари ИМА баробар шуданд, ки 50 %-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкл доданд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ барои соли 2012, ҳамагӣ 3%-и аҳолии калонсоли Тоҷикистон дар муассисаҳои молиявии расмӣ суратҳисоб дошта, боз аз ин миқдор камтари мардум пасандозҳои худро дар муассисаҳои молиявӣ нигоҳ медоранд.

Гуфта мешавад, то ки мардум минбаъд маблағҳои пулиашонро дар зери кӯрпа пинҳон насозанду онҳоро дар бонк нигоҳ доранд, шояд тадбирҳои оддӣ андешида шаванд, ки минбаъд ба беҳбуди вазъи умумии молиявӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.