Баррасии ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея

Раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парламенти Ҷумҳурии Корея Махфират Хидирова бо кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ен Чон Гу мулоқот намуд. Тавре аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Махфират Хидирова дар ҷараёни сӯҳбат аз сафари анҷомдодаи гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон ба Ҷумҳурии Корея ва боздид аз Парлумони ин кишвар ёдовар […]

ASIA-Plus


Раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парламенти Ҷумҳурии Корея Махфират Хидирова бо кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ен Чон Гу мулоқот намуд.

Тавре аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Махфират Хидирова дар ҷараёни сӯҳбат аз сафари анҷомдодаи гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон ба Ҷумҳурии Корея ва боздид аз Парлумони ин кишвар ёдовар шуда, ҳамзамон иброз дошт, ки ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷараёни ин сафар бо раёсати олии Парлумони Ҷумҳурии Корея силсилаи мулоқоту вохӯриҳо анҷом дода, ҳамчунин бо тамоми паҳлӯҳои фаъолияти парлумони ин кишвар аз наздик ошноӣ пайдо карданд.

Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон ҷаноби Ен Ҷон Гу дар навбати худ аз раиси гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парламенти Ҷумҳурии Корея Махфират Хидирова даъвати Фонди кореягиро ба вай ҷиҳати анҷоми сафар ба Ҷумҳурии Корея дар соли ояндаро расонид.

Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ен Ҷон Гу ҳамчунин аз баргузории Ҷашнвораи филмҳои Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 то 21 сентябри соли ҷорӣ, ки ба муносибати 20 – солагии барқарории муносиботи дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея барномарезӣ шудааст, иттилоъ дода, ҳамзамон изҳор дошт, ки аъзои гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парлумони Корея метавонанд, дар ин ҷашнвора иштирок намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.