Боздошти сокини 25-солаи пойтахт бо маводи мухаддир

Чанде қабл зимни азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» кормандони мақомоти милиса аз дохили он 4 килову 706 грамм маводи нашъаовари ҳашишро дарёфт ва мусодира намуданд. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ронандаи автомашина, сокини 25-солаи шаҳри Душанбе Диловар Ҳайдарови 25-сола ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт ва ба ҳабс гирифта […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл зимни азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» кормандони мақомоти милиса аз дохили он 4 килову 706 грамм маводи нашъаовари ҳашишро дарёфт ва мусодира намуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ронандаи автомашина, сокини 25-солаи шаҳри Душанбе Диловар Ҳайдарови 25-сола ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт ва ба ҳабс гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назли президенти ҶТ полковник Саъдулло Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар зарфи 7 моҳи соли равон аз ҷониби мақомоти дахлдори кишвар аз муомилоти ғайриқонунӣ дар маҷмӯъ 3 тоннаву 524 кило маводи мухаддир мусодира шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 22% зиёдтар аст. Дар ин давра аз ҷумла 370 кило маводи нашъаовари сахттаъсири героин ва 440 кило афюн мусодира гардидааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.