Ба «Тоҷиксодиротбонк» боз «пулҳои Роғун» ҷудо шуд

Як қисмате аз маблағҳои пулии ҶСК «НОБ Роғун» дар ҳаҷми 60 млн. сомонӣ ба «Тоҷиксодиротбонк» ҷудо карда шуданд. Бино ба маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, муввофиқи созишномаи сеҷониба миёни Вазорати молия, ҶСК «НОБ Роғун» в ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», 30 млн. сомонӣ ба суратҳисоби амонатӣ (депозитӣ) гузошта шуда, 30 млн. сомонии боқимонда ба бонк ба сифати қарз дода […]

Заррина Эргашева


Як қисмате аз маблағҳои пулии ҶСК «НОБ Роғун» дар ҳаҷми 60 млн. сомонӣ ба «Тоҷиксодиротбонк» ҷудо карда шуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, муввофиқи созишномаи сеҷониба миёни Вазорати молия, ҶСК «НОБ Роғун» в ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», 30 млн. сомонӣ ба суратҳисоби амонатӣ (депозитӣ) гузошта шуда, 30 млн. сомонии боқимонда ба бонк ба сифати қарз дода шудааст.

«Муҳлати амонат ахири сол ба итмом расида, меъёри фоиз чуни пешина меъёри бозтамвил ҷамъи 1% боқӣ мемонад», – хабар доданд аз «Тоҷиксодиротбонк».

«Ин воситаҳо ба мо ба сифати воситаҳои ҷалбшуда дастрас гардида, ба сандуқи умумии қарзи бонк дохил шуданд. Ин воситаҳо дар пешниҳоди қарз асосан ба бахши тиҷорати хурду миёна муваффақона истифода мегарданд», – зикр карданд дар бонк.

Дар «Тоҷиксодиротбонк изҳор карданд, ки созишнома дар бораи қарз санаи 1-уми август ба муҳдати 1 сол баста шудааст.

Масоили марбут ба ҶСК «НОБ Роғун» аз ҷониби Вазорати молияи расман шарҳу тавзеҳ дода намешаванд. Танҳо ҳаминаш маълум аст, ки раёсати ҶСК «НОБ Роғун» дар бораи танҳо ба «Тоҷиксодиротбонк» ҷудо кардани маблағ қарор қабул кардааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли 2010 маблағҳои пулии ҶСК «НОБ Роғун» дар ҳаҷми 157 млн. сомонӣ ба муҳлати як сол ба суратҳисобҳои депозитии панҷ бонки ҷумҳурӣ гузошта шуданд.

Маблағи аз ин ҳисоб гирифтаи бонкҳо ба тариқи зайл буд: ҶСК «Агроиннвестбонк» – 118,2 млн., «Тоҷиксодиротбонк» – 20,3 млн., «Бонки рушди Тоҷикистон» – 2,8 млн., «Тоҷпромбонк» – 11,1 млн. ва «Фонон Бонк» – 5 млн. сомонӣ. Баъдтар ба ин рӯйхат Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» низ дохил шуд.

Ин маблағ бояд моҳи августи соли 2011 баргардонида мешуд, вале бо дархости бонкҳо ва қарори Шӯрои нозирони ҶСК «НОБ Роғун» муҳлат суратҳисобҳои депозитӣ то 16-уми феврали соли 2012 дароз карда шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, на ҳама бонкҳо тавонистанд, ки дар ин муҳлат маблағҳоро баргардонанд, ки дар натиҷа аз ҷониби вазорат ҷаримабандӣ шуданд. «Феълан ҳеҷ кадоме аз бонкҳо аз ин ҳисоб қарздор нест ва ҳама уҳдадориҳояшонро ба иҷро расониданд», – гуфтанд дар вазорат.

Саҳмияҳои ҶСК «НОБ Роғун» аз моҳи январи соли 2009 ба фурӯш бароварда шуда, то имрӯз 1,8 млн. адад саҳмия фурухта шудааст, ки 22 ҳазори онҳо саҳмияҳои номӣ мебошанд.

Саҳмдори асосии ҶСК «НОБ-и Роғун» давлат буда, 75%-и саҳмияҳои назоратиро дар ихтиёр дорад ва он дар таносуби пулӣ 4,5 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Ин маблағҳо марҳила ба марҳила аз буҷет ба сохтмони нерӯгоҳ равона мегарданд. Ҳиссаи боқимондаи 25% ё 1,5 млрд. сомонӣ саҳмияҳои нашршуда мебошанд, ки ҳамаи хоҳишмандон метавонанд аз он харидорӣ намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.