Ташрифи ноиби президенти БОР ба Тоҷикистон

Ноиби президенти Бонки осиёгии рушд (БОР) Шиаою Жао имрӯз бо сафари дурӯзаи корӣ ба Тоҷикистон меояд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии БОР дар Тоҷикистон хабар доданд, Шиаою Жао имрӯз бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баррасии барномаи ҷории бонк ва тасдиқи идомаи мусоидат ба расидан ба ҳадафҳои рушди кишвар дидору гуфтушунид мекунад. Ин […]

Пайрав Чоршаннбиев


Ноиби президенти Бонки осиёгии рушд (БОР) Шиаою Жао имрӯз бо сафари дурӯзаи корӣ ба Тоҷикистон меояд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии БОР дар Тоҷикистон хабар доданд, Шиаою Жао имрӯз бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баррасии барномаи ҷории бонк ва тасдиқи идомаи мусоидат ба расидан ба ҳадафҳои рушди кишвар дидору гуфтушунид мекунад.

Ин сафари чоруми ноиби президенти БОР ба Тоҷикистон аст. Фаъолияти худро дар БОР Шиаою Жао моҳи сентябри соли 2008 шурӯъ намуд. Айни замон ӯ ба фаъолияти Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ ва Департаменти Осиёи Ҷанубӣ ҷавобгӯ аст.

Соли 1998 Тоҷикистон ба узвияти Бонки осиёгии рушд пазируфта шуд. То имрӯз БОР ба Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 966 млн. доллари ИМА қарзҳои имтиёзнок, бурсҳо ва кӯмак техникӣ ҷудо кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.