Ташрифи як ҳайати сершумори Вазорати корҳои дохилии Русия ба Тоҷикистон

Шоми рӯзи сешанбе ҳайати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия бо роҳбарии Вазири корҳои дохилии ин кишвар генерал-лейтенанти политсия Колокольцев Владимир Александрович бо мақсади гузаронидани Мушовараи навбатии якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмонони олиқадрро дар фурудгоҳи байналмилалии ш. Душанбе Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон […]


Шоми рӯзи сешанбе ҳайати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия бо роҳбарии Вазири корҳои дохилии ин кишвар генерал-лейтенанти политсия Колокольцев Владимир Александрович бо мақсади гузаронидани Мушовараи навбатии якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Меҳмонони олиқадрро дар фурудгоҳи байналмилалии ш. Душанбе Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич пешвоз гирифт.

Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия кори худро субҳи имрӯз оғоз хоҳад кард, ки дар он масъалаҳои ҳамкориҳои муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар мубориза бар зидди экстремизм, ошкор ва пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил ва иттиҳодияҳое, ки робитаҳои трансмиллӣ доранд, мавриди муҳокима қарор дода хоҳанд шуд. Ҳамзамон дар ҷараёни ҷаласа дурнамои ҳамкориҳои муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барои соли 2013 баррасӣ мегардад.

Тавре қаблан иттило дода будем, ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҳамасола, аз соли 1998 инҷониб дар қаламрави ин ду давлат (Тоҷикистону Россия) баргузор мегардад, ки ин аллакай чаҳордаҳумин Мушовараи якҷоя ба шумор меравад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.