Тӯли се сол БОР ба Тоҷикистон 200 млн. $ ҷудо мекунад

Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки осиёгии рушд Шиаою Жао изҳор кард, ки бонк ба ҳамкории густардатар бо Тоҷикистон дар амалисозии лоиҳаҳои барои кишвар афзалиятнок омода аст. Ӯ зикр кард, ки мутобиқи барномаи шарикии БОР ва Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014, Бонк барои беҳбуди зербинои роҳҳо, таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди […]


Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки осиёгии рушд Шиаою Жао изҳор кард, ки бонк ба ҳамкории густардатар бо Тоҷикистон дар амалисозии лоиҳаҳои барои кишвар афзалиятнок омода аст.

Ӯ зикр кард, ки мутобиқи барномаи шарикии БОР ва Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014, Бонк барои беҳбуди зербинои роҳҳо, таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди бахши хусусӣ ба Тоҷикистон ба сифати кӯмаки бебозгашт 200 млн. $ маблағ ҷудо мекунад.

Ба гуфтаи вай, шурӯъ аз замони узвияти Тоҷикистон ба БОР дар соли 1998 аз ҷониби бонк ба Тоҷикистон дар ҳаҷми ҳудуди 1 млрд. $ кӯмак расонида шудааст. «Айни замон ба маблағи 530 ҳазор $ як қатор лоиҳаҳои муҳим барои кишвар мавриди татбиқ қарор доранд», – гуфт ӯ.

Ноиби президенти БОР таъкид намуд, ки феълан кӯшишҳои муштараки бонк ва ҳукумати Тоҷикистон баҳри амалисозии лоиҳаҳои таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон ва Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон равона шудаанд. «Татбиқи ин лоиҳаҳо аз ҳисоби маблағгузории бурсии бонк амалӣ мегарданд», – афзуд номбурда. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.