Ташрифи фармондеҳи нақлиётии ИМА ба Тоҷикистон

Шоми рӯзи якшанбе фармондеҳи нақлиётии ИМА генерал Уилям Фрейзер ба Душанбе ташриф овард. Имрӯз ӯ бо фармондеҳи нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Шералишо Мирзо мулоқот ороста, зимни суҳбат масоили ҳамкории ҷонибҳо дар таҳкими амнияти марзи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматулллоев иттилоъ дод, […]


Шоми рӯзи якшанбе фармондеҳи нақлиётии ИМА генерал Уилям Фрейзер ба Душанбе ташриф овард.

Имрӯз ӯ бо фармондеҳи нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Шералишо Мирзо мулоқот ороста, зимни суҳбат масоили ҳамкории ҷонибҳо дар таҳкими амнияти марзи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматулллоев иттилоъ дод, Ш.Мирзо ба генерали амрикоӣ барои мусоидати кишвараш ба таъмини амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳори миннатдорӣ намуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин рушди минбаъдаи ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-техникӣ ва омодасозии кадрҳо барои нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро таъкид намуданд.

Баъдтар фармондеҳи воломақоми амрикоӣ бо муовини аввали вазири мудофиаи ҷумҳурӣ, сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон генерал-лейтенант Рамил Нодиров дидору гуфтушунид кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масоили вазъи минтақа, густариши ҳамкориҳо дар бахши таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин омодасозии кадрҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон матраҳ шуданд. Имрӯз генерали амрикоӣ Тоҷикистонро тарк мекунад.

Ёдрас мекунем, ки сафари кунунии У.Фрейзер ба Тоҷикистон сафари сеюми ӯ аст. Соли равон фармондеҳи нақлиётии ИМА моҳҳои феврал ва май аз Тоҷикистон боздид намуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.