Бунёди нахустин осоишгоҳи табобатӣ дар Кӯлоб

Дар мақомоти шаҳрдории Кӯлоб маросими рӯнамои лоиҳаи осоишгоҳи табобативу солимӣ ба маблағи 3 млн. сомонӣ баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Озодӣ Ҳасанов хабар дод, осоишгоҳ дар қаламрави маҳаллаи аҳолинишини Чашмасори ҷамоати Зиракии ноҳияи Қӯлоб қомат афрохта, барои истироҳату табобати 150 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. «То ҳанӯз дар минтақаи […]

Турко Дикаев


Дар мақомоти шаҳрдории Кӯлоб маросими рӯнамои лоиҳаи осоишгоҳи табобативу солимӣ ба маблағи 3 млн. сомонӣ баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Озодӣ Ҳасанов хабар дод, осоишгоҳ дар қаламрави маҳаллаи аҳолинишини Чашмасори ҷамоати Зиракии ноҳияи Қӯлоб қомат афрохта, барои истироҳату табобати 150 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст.

«То ҳанӯз дар минтақаи Кӯлоб барои сокинон муассисаи истироҳату табобат мавҷуд набуда, аз ин рӯ, аҳолии минтақа аз хизматгузориҳои ба ин монанд муассисаҳо дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ истифода мекунад», – иброз дошт вай.

Ба қавли номбурда, корхонаи коркарди нахи пахтаи ҶДММ «Зарҳам» фармоишгари иншоот буда, лоиҳа аз ҷониби мутахассисони КВД «Лоиҳакаш»-и Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия гардидааст.

«Дар лоиҳаи шифохона бунёди биноҳои истиқомативу табобатӣ, 4 бинои оилавӣ, маҷмааи истироҳату фароғат, ҳавзи шиноварии болопӯш, толори варзиш ва ошхонаву тарабхона дар назар аст», – афзуд О.Ҳасанов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.