Интиқоли ҷасади муҳоҷири фавтидаи тоҷик ба Душанбе

Ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Аҳтамшо Шарифови 24-сола, ки аввали моҳи октябр дар Русия дарёфт шуда буд, шоми имрӯз ба ватан интиқол дода мешавад. Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, ҷасади сокини ноҳияи Панҷ бо мусоидати намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия ва хадамоти консулгарии Тоҷикистон дар Маскав ба ватан фиристода мешавад. […]

ASIA-Plus


Ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Аҳтамшо Шарифови 24-сола, ки аввали моҳи октябр дар Русия дарёфт шуда буд, шоми имрӯз ба ватан интиқол дода мешавад.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, ҷасади сокини ноҳияи Панҷ бо мусоидати намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия ва хадамоти консулгарии Тоҷикистон дар Маскав ба ватан фиристода мешавад.

Тавре қаблан хабар дода будем, аввали моҳи октябр ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистон дар назди яке аз биноҳои якошёнаи техникӣ, дар гузаргоҳи Заревои пойтахти Русия дарёфт шуда буд. Ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят сокини 28-солаи шаҳри Маскав Алексей Суворов боздошт гардида, нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ба иттилои манбаъ, феълан кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Маскав мунтазам бо мақомоти тафтишот дар тамос буда, ҷараёни таҳқиқи ҳодисаро пайгирӣ доранд.

Гуфта мешавад, ба гумони даст доштан дар ҷинояти мазкур боз як шаҳрванди дигари Русия низ боздошт шуда, вале ба хотири халалдор насохтани ҷараёни тафтишот, ному насбаш зикр намегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.