Мушкилоти пешниҳоди ҲНИТ оид ба тағйирот дар қонуни интихоботи президент

Лоиҳаи тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон», ки аз ҷониби вакилони парлумон аз ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ пешниҳод шуд, дар кумитаву комиссияҳои палатаи поёнии парлумон мавриди баррасӣ қарор дошта, ҳамчунин ба ташхиси ҳуқуқӣ ирсол шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси Кумитаи парлумонӣ оид ба  сохтмони давлатӣ […]

Аваз Юлдошев



Лоиҳаи тағйироту илова

ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон», ки аз ҷониби вакилони парлумон аз ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ пешниҳод шуд, дар кумитаву комиссияҳои палатаи поёнии парлумон мавриди баррасӣ қарор дошта, ҳамчунин ба ташхиси ҳуқуқӣ ирсол шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси Кумитаи парлумонӣ оид ба  сохтмони давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Галия Рабиева хабар дод.

Г. Рабиева аз он изҳори тааҷҷуб кард, ки атрофи ин масъала васоити ахбори умум ҳангомаи зиёд ва ҳамчунин аҳзоби сиёсӣ «сарусадои ба ҳеҷ кас нолозим»-ро барпо намудаанд.

«Тағйироти пешниҳодшуда ба ҳимояи манфиатҳои аҳзобе, ки шумори аъзояшони каму начандон ҷонибдори зиёде доранд, равона гардида, муаллифони лоиҳа бештар ба ҷиҳати техникии масъала таваҷҷуҳ кардаанд», – мегӯяд вай.

Вакили парлумон ҳамчунин иброз дошт, ки масъалаи мушкилоти зиёд эҷод сохтани ин тағйирот дар маъракаи интихоботиро муаллифони лоиҳа нодида мегиранд. «Масалан, суоле ба миён меояд, ки оё ҳамаи аҳзоби сиёсӣ намояндагони шоиставу босаводи худ дар ҳавзаҳои интихоботиро таъмин карда метавонанд? Зеро шумори онҳо дар давраи интихобот ҳудуди 4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад», – зикр кард вакили парлумон.

Ба андешаи Рабиева, аъзои қитъаи интихоботӣ шудан бидуни пардохти маблағ хеле мушкил аст. «Ман умедворам, ки дар кумитаву комиссияҳои парлумон тағйироти пешниҳодшуда мавриди санҷиши ҳамаҷониба қарор хоҳанд гирифт», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили парлумон, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов эҳтимоли дастгирии коммунистон аз ин лоиҳаро изҳор карда буд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.