Шикояти адвокати Ш.Карамхудоев нисбати муфаттиши Прокуратураи генералӣ

Зебо Қосимова, ҳимоятгари раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Шерик Карамхудоев, барои ба даст овардани нусхаи ташхиси судиву тиббии зерҳимояи худ кӯшиш дорад. Ин ташхис маҳз бо дархости ӯ санаи 4-уми октябр дар тавқифгоҳи муваққатии Душанбе дар ҳузури намояндагони КДАМ ва Прокуратураи генералӣ гузаронида шуда буд. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Зебо Қосимова изҳор […]

ASIA-Plus


Зебо Қосимова, ҳимоятгари раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Шерик Карамхудоев, барои ба даст овардани нусхаи ташхиси судиву тиббии зерҳимояи худ кӯшиш дорад. Ин ташхис маҳз бо дархости ӯ санаи 4-уми октябр дар тавқифгоҳи муваққатии Душанбе дар ҳузури намояндагони КДАМ ва Прокуратураи генералӣ гузаронида шуда буд.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Зебо Қосимова изҳор намуд, ки сарфи назар аз чандин маротиба дархост намудан, муддати як моҳ муфаттиш ба ӯ имкон надодаааст, ки бо хулосаи ташхис шинос гардад.

«Санаи 1-уми ноябр муфаттиши Прокуратураи генералӣ барои шиносоӣ хулосаро ба ман пешниҳод кард, вале ба нусхабардории он барои худам иҷозат надод», – гуфт вай.

Ба қавли адвокат, ӯ ин амалро беасос шуморида, аз болои муфаттиш ба Прокуратураи генералӣ шикоят бурдааст ва санаи 15-уми ноябр дар посухи худ Прокуратураи генералӣ ин амали муфаттиш С.Султоновро дуруст арзёбӣ намудааст.

«Ман ба ин посухи Прокуратураи генералӣ розӣ набуда, мувофиқи моддаҳои 119-120-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии кишвар аз болои он шикоят хоҳам овард», – афзуд Зебо Қосимова.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи ноябри соли равон

пас аз ташхиси судиву тиббӣ

коршиносон ба хулоса расиданд, ки ҷароҳатҳо дар ҷисми раиси бахши ҲНИТ дар Хоруғ Шерик Карамхудоев осори шиканҷа набуда, бар асари афтидани ӯ пайдо шудаанд.

Тибқи иттилоии пешакии ҳимоятгарон, Карамхудоев мутобиқи моддаҳои 187 (Ташкили иттиҳоди  ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ва 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешавад.

Дар изҳороти интишоршуда санаи 29-уми август аз ҷониби Прокуратураи генералии ҶТ, Ш.Карамхудоев дар муқовимати мусаллаҳона ба нерӯҳои ҳукуматӣ зимни рӯйдодҳои ахири Хоруғ муттаҳам дониста мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.