Дарахтҳои буридаи кӯчаи Айнӣ ба мактабу бемористонҳо дода мешаванд

Бар асоси хулосаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти пойтахт ва комиссияи ҷамъиятӣ, дар ҷараёни азнавсозии як қисмати кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе дарахтоне, ки ба корҳои таъмиру барқарорсозӣ монеъа эҷод месозанд, бартараф карда мешаванд. Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, дар робита ба ин раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев қароре ба тасвиб расонид, ки мутобиқи он, дарахтони […]

ASIA-Plus


Бар асоси хулосаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти пойтахт ва комиссияи ҷамъиятӣ, дар ҷараёни азнавсозии як қисмати кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе дарахтоне, ки ба корҳои таъмиру барқарорсозӣ монеъа эҷод месозанд, бартараф карда мешаванд.

Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, дар робита ба ин раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев қароре ба тасвиб расонид, ки мутобиқи он, дарахтони буридашуда барои истифода ба раёсатҳои тандурустии шаҳр (дар ҳаҷми 150 метри мукааб) ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур (дар ҳаҷми 150 метри мукааб) дода мешаванд. «Дар қарор риояи меъёрҳои экологӣ зимни иҷрои корҳо таъкид шудааст», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки аз аввали моҳи декабр то 30-юми августи соли 2013 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи аз майдони ба номи Айнӣ то майдони Ғалаба манъ карда шуд. Пас аз таҷдид роҳ васеъ карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.