Содир шудани ду ҳукми ҳабси абад дар соли гузашта

Зимни конфрнси матбуотӣ раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон Зафар Азизов изҳор кард, ки соли гузашта аз ҷониби судҳои тобеи Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ (дар ин ҳолат ба ҷуз Суди олӣ) ду ҳукми ҳабси абад содир шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 15 ҳолат камтар аст. Қобили зикр аст, ки аз соли 2004 дар Тоҷикистон ба истифодаи ҳукми […]

Наргис Ҳамробоева


Зимни конфрнси матбуотӣ раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон Зафар Азизов изҳор кард, ки соли гузашта аз ҷониби судҳои тобеи Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ (дар ин ҳолат ба ҷуз Суди олӣ) ду ҳукми ҳабси абад содир шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 15 ҳолат камтар аст.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2004 дар Тоҷикистон ба истифодаи ҳукми қатл моратория эълон шудааст. Ҳукми ҳабси абад ҳамчун алтернатива ба ҳукми қатл дар 5 навъи ҷиноят – одамкушӣ, таҷовуз ба номус дар ҳолатҳои вазнин, терроризм, генотсид (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ) ва биотсид пешбинӣ шудааст.

«Ман ному насаби ин ду нафарро гуфта наметавонам, вале онҳо барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин – куштор ва таҷовуз ба номус маҳкум шуданд», – гуфт вай.

Ба қавли раиси Шӯрои адлия, соли гузашта судҳои Тоҷикистон 8 ҳазору 467 парвандаи ҷиноиро баррасӣ намуда, аз рӯи онҳо 3 ҳазору 706 нафар шаҳрвандон маҳкум шуданд (соли гузашта 7 ҳазору 626 парвандаи ҷиноӣ баррасӣ ва 3 ҳазору 545 нафар маҳкум шуданд).

«Дар байни ин парвандаҳо ҳукмҳои эътирофи бегуноҳӣ низ мавҷуд буда, нисбати 19 нафар ҳукми эътирофи пурраи бегуноҳӣ ва боқимонда қисман бегуноҳ эътироф шуданд», – гуфт ӯ.

Номбурда афзуд, соли гузашта дар маҷмӯъ 123 ҳазор парвандаҳои ҷиноӣ, шаҳрвандӣ, оилавӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, ки дар муқоиса бо соли пешин 4 ҳазор парванда зиёдтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.