Сокини Хоруғ дар Чин боздошт ва ба Душанбе интиқол шуд

Сокини шаҳри Хоруғ Димон Ашӯров дар Чин боздошт ва ба Тоҷикистон фиристода шуд. Димон Ашӯров тобистони соли 2012 дар Хоруғ ба гумони даст доштан дар қаллобии содирнамуда дар соли 2004 боздошт шуда, зимни кӯшиши фирор худро аз ошёнаи сеюми бинои Раёсати ВКД ба замин меафканад ва бар асари он ду пояш мешиканад. Ба гуфтаи Ҳайрат […]

ASIA-Plus


Сокини шаҳри Хоруғ Димон Ашӯров дар Чин боздошт ва ба Тоҷикистон фиристода шуд.

Димон Ашӯров тобистони соли 2012 дар Хоруғ ба гумони даст доштан дар қаллобии содирнамуда дар соли 2004 боздошт шуда, зимни кӯшиши фирор худро аз ошёнаи сеюми бинои Раёсати ВКД ба замин меафканад ва бар асари он ду пояш мешиканад.

Ба гуфтаи Ҳайрат Ашӯров, бародари ӯ, пас аз ин Димон Ашӯров якчанд ҷарроҳиро паси сар намуда, раводид ба даст меоранд ва ҷиҳати табобат ба Чин раҳсипор шудаанд.

«Кормандони Хадамоти муҳоҷират ба беморхона омада, шиносномаҳои моро гирифта, сипас шиносномаи маро баргардониданд ва ман ба Хоруғ омадам, вале шиносномаи бародарамро барнагардонида буданд», – гуфт ӯ.

Номбурда изҳор кардааст, ки ба онҳо маълум шудааст, ки бародарашро ба фирор низ муттаҳам намуда, аз беморхонаи Чин ба Душанбе фиристодаанд. «Ба мо маълум нест, ки чаро ӯро ба фирор муттаҳам мекунанд, зеро ӯ расман раводид гирифта буд», – – изҳори тааҷҷуб кардааст вай.

Дар ҳамин ҳол, тибқи баъзе маълумот, Д.Ашӯров ба сафи гурӯҳҳои ҷиноятпешае, ки тобистони соли равон дар рӯйдодҳои Хоруғ ба нерӯҳои ҳукуматӣ муқовимати мусаллаҳона нишон доданд, шомил будааст ва ҳарчанд ҳукуматдорон эълон дошта буданд, ки нисбати афроди ихтиёран аслиҳаашонро супурда парвандаҳои ҷиноӣ боз намешаванд, наздикони Д.Ашӯров бар ин назаранд, ки ӯро маҳз бо ҳамин сабаб боздошт кардаанд.

Ба қавли онҳо, айбномаи гумонбарӣ ба қаллобӣ нисбати ӯ беасос аст, зеро он замон оид ба ин масъала созиш ҳосил гардида, ғайр аз ин, пас аз он якчанд қонуни афв қабул шуд ва ин парванда бояд дигар мавриди баррасӣ қарор нагирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.