Эҳтимоли тағйир наёфтани нархи бензин пас аз имзои созишнома бо Русия

Зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ Ҳамдам Тағоймуродов изҳор намуд, ки ояндаи наздик нархи бензин дар ҷумҳурӣ устувор боқӣ монда, поинравии босуръати қимати онро пас аз имзои созишномаи нафтӣ бо Русия интизор набояд шуд, зеро он замон метавонанд сабабҳои дигар, аз ҷумла транзити маҳсулоти нафтӣ тавассути қаламрави Ӯзбекистон пайдо шаванд. «Имрӯз ҳаҷми […]

Заррина Эргашева


Зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ Ҳамдам Тағоймуродов изҳор намуд, ки ояндаи наздик нархи бензин дар ҷумҳурӣ устувор боқӣ монда, поинравии босуръати қимати онро пас аз имзои созишномаи нафтӣ бо Русия интизор набояд шуд, зеро он замон метавонанд сабабҳои дигар, аз ҷумла транзити маҳсулоти нафтӣ тавассути қаламрави Ӯзбекистон пайдо шаванд.

«Имрӯз ҳаҷми боҷи содиротӣ барои як тонна бензини ба ҳисоби миёна арзишаш 1 ҳазору 200 доллари ИМА-и Русия 30%-ро ташкил медиҳад ва мантиқан дуруст мебуд, агар нархи сӯзишвории аз ҷониби Русия воридшаванда низ ба ҳамин андоза поин равад ва ҳамин тавр ҳам мешавад, агар ба он омилҳои дигар халал нарасонанд», – гуфт ӯ.

Ба қавли вай, сарфи назар аз болоравии нархҳои яклухт ба маҳсулоти нафтӣ, дар бозори дохилӣ нархҳо устувор боқӣ монданд ва он ба мавҷуд набудани камбуд дар бозори сӯзишворӣ марбут мебошад.

Дар робита ба фарқи арзиши бензин дар минтақаи шимолу ҷануби кишвар, ӯ зикр кард, ки каме арзонтар будани бензин дар вилояти Суғд аввалан ба мавқеи ҷуғрофии он, яъне ба манбаъҳои воридот наздиктар воқеъ гардидани он вобаста буда, сониян ба он қочоқи бузурги маҳсулоти нафтӣ аз кишвари ҳамсояи Қирғизистон таъсир мерасонад.

Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд, соли гузашта дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми воридот ширкатҳои «Газпромнефт Тоҷикистон» (52%), «Анахита» ва «Нури Дилшод» пешсаф буданд.

«Ҳиссаи ширкати «Газпромнефт Тоҷикистон» на аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ, балки аз ҳисоби тағйири методикаи муайян кардани субъектҳои бартаридошта зиёд шуд», – афзуд Ҳ.Тағоймуродов.

Феълан дар шаҳри Душанбе нархи миёнаи 1 литр бензини навъи АИ-92 – 6,70 ва АИ-95 – 6,90 сомониро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки давоми соли 2012 ба Тоҷикистон 372 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шуд, ки нисбат ба соли 2011 ба миқдори 68 ҳазор тонна зиёдтар аст. Дар бозори маводи сӯзишвории Тоҷикистон ҳиссаи Русия – 55,3, Туркманистон – 17,2, Қирғизистон – 13 ва Ӯзбекистон – 0,002%-ро ташкил медиҳад.

Ба ҳисоби миёна арзиши як тонна маҳсулоти нафтии ба Тоҷикистон аз Қирғизистон воридшуда – 913, аз Русия – 1 ҳазору 199, Туркманистон – 1 ҳазору 172 ва Ӯзбекистон 1 ҳазору 44 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.