Парвандаи сокини Хоруғ Димон Ашӯров махфӣ шуд

Ба парвандаи ҷиноӣ оид ба гумонбарии сокини шаҳри Хоруғ Димон Ашӯров (Давлатбек Давлатбеков) муҳри махфӣ гузошта шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, ҳимоятгари айбдоршаванда хабар дод, дар ин робита аз ӯ оид ба ифшо накардани маълумоти дастрасшуда дар ҷараёни тафтишот баёнот гирифта шудааст. Қудратов ба ин қарор комилан норозӣ буда, рӯзи 18-уми феврал доир […]

Наргис Ҳамробоева


Ба парвандаи ҷиноӣ оид ба гумонбарии сокини шаҳри Хоруғ Димон Ашӯров (Давлатбек Давлатбеков) муҳри махфӣ гузошта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, ҳимоятгари айбдоршаванда хабар дод, дар ин робита аз ӯ оид ба ифшо накардани маълумоти дастрасшуда дар ҷараёни тафтишот баёнот гирифта шудааст.

Қудратов ба ин қарор комилан норозӣ буда, рӯзи 18-уми феврал доир ба қонунӣ будани гузоштани муҳри махфӣ ба ин парванда ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат намудааст.

«Зерҳимояи ман аз рӯи ду модда – қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо гумонбар дониста шуда, дар ин кадом сирри махфие буда метавонад? Аз ин рӯ, аз болои ин қарор мо ба зинаи болоӣ шикоят хоҳем бурд», – иброз дошт ӯ.

Қудратов бар ин назар аст, ки парванда бинобар сабаби эҳтимолан даст доштани зерҳимояаш дар рӯйдодҳои тобистони соли гузаштаи Хоруғ махфӣ шудааст.

Дар ин робита ОИ «Азия-Плюс» ба роҳбари гурӯҳи тафтишотии Прокуратураи генералии ҶТ оид ба ин парванда Баҳриддин Бозоров муроҷиат намуд. Посухи ӯ мухтасар буд: «Агар парвандаи махфӣ шуда бошад, пас ба шарҳи он ҳоҷате нест».

Моҳи январи соли равон прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода зимни нишасти хабарӣ ба журналистон иттилоъ дод, ки

истирдоди Давлатбек Давлатбеков

(Димон Ашӯров) аз Чин ба Тоҷикистон бар асоси Созишнома миёни кишварҳо дар ин хусус сурат гирифтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.