Ҳимояи Қувватов ба баррасии кушоди парвандаи истирдоди ӯ муваффақ шуд

Дар Дубай (АМА) масъалаи истирдоди Умаралӣ Қувватов ба Тоҷикистон ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Николай Николаев, ҳимоятгари Қувватов иттилоъ дод, онҳо ба баррасии кушоди масъалаи истирдоди зерҳимояашон ба Тоҷикистон муваффақ шудаанд. «Феълан суди Аморати Муттаҳидаи Араб ба баррасии масъалаи истирдоди Қувватов маҷбур аст, ки бо назардошти созишномаи ҷонибҳо дар масъалаи […]

ASIA-Plus


Дар Дубай (АМА) масъалаи истирдоди Умаралӣ Қувватов ба Тоҷикистон ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Николай Николаев, ҳимоятгари Қувватов иттилоъ дод, онҳо ба баррасии кушоди масъалаи истирдоди зерҳимояашон ба Тоҷикистон муваффақ шудаанд.

«Феълан суди Аморати Муттаҳидаи Араб ба баррасии масъалаи истирдоди Қувватов маҷбур аст, ки бо назардошти созишномаи ҷонибҳо дар масъалаи истирдод, мақомоти махсуси Тоҷикистон инро намехостанд», – қайд кард ҳимоятгар.

Ба қавли вай, онҳо дар даст далелҳое доштаанд, ки хиёнат ба давлат аз ҷониби мансабдорони воломақоми Тоҷикистонро собит месозанд. «Дар сурати истирдоди Қувватов, онҳо ба ҳама гуна талаботи ҷониби кишвари арабӣ розӣ буданд», – муътақид аст Николаев, аммо аз ифшои далелҳои мушаххаси зикршуда худдорӣ варзида, иброз намуд, ки онҳо дар мурофиаи кушоди судӣ садо хоҳанд дод.

Ёдрас мекунем, ки санаи 9-уми январи соли равон зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода иттилоъ дод, ки Тоҷикистон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Аморати Муттаҳидаи Араб ҷиҳати истирдоди пешвои ҳаракати «Гурӯҳи-24», шаҳрванди ҷумҳурӣ Умаралӣ Қувватов

дархост ирсол кардааст.

«Нисбати Умаралӣ Қувватов аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст», – гуфта буд ӯ дар ин робита ва аз шарҳи ҷузъиёти дигари ин масъала худдорӣ варзид.

Ҳамчунин ахири моҳи январ зимни нишасти хабарӣ роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов изҳор намуд, ки ба наздикӣ масъалаи истирдоди пешвои ҳаракати мухолифи ҳукумати «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов ба Тоҷикистон

ҳаллу фасл мешавад.

Қобили зикр аст, ки Умаралӣ Қувватов рӯзи 23-юми декабри соли 2012 дар фурудгоҳи шаҳри Дубай аз сӯи маъмурони амниятии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошт шуд. Ба гуфтаи афроди наздик ба Қувватов, ӯ бояд аз Дубай ба Брюссел мерафт. Тоҷикистон бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар мавриди истирдоди гумонбарҳо 5 сол пеш созишнома имзо карда буд.

Тибқи маълумоти гуногун, ду сол қабл чанде аз тоҷирону сиёсатмадорон ва иқтисодчиёну ҷомеашиносони Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки ба як гурӯҳи ҳамфикрон муттаҳид шуда, баҳри беҳбуди вазъи кишвар на каму на зиёд ба ивази ҳокимияти кунунии Эмомалӣ Раҳмон даст бизананд. Онҳо дар бораи таъсиси иттиҳодияи сиёсии мухолифини ҳуккумати Тоҷикистон – «Гурӯҳи 24» эълом доштанд, ки онро Умаралӣ Қувватов сарварӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов