Айбномаҳои нав дар парвандаи махфии Димон Ашӯров

Дар парвандаи махфии Димон Ашӯров (Давлатбек Давлатбеков) айбномаҳои нав илова шуданд. Акнун ба ҷуз қаллобиву сохтакории ҳуҷҷатҳо ӯ дар содир намудани ҷиноят бо аломатҳои моддаҳои 187 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ), 188 (Бетартибиҳои оммавӣ), 328 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) ва 365 (Гурехтан аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ)-и КҶ ҶТ гумонбар дониста мешавад. Тавре ҳимоятгари […]

Наргис Ҳамробоева


Дар

парвандаи махфии

Димон Ашӯров (Давлатбек Давлатбеков) айбномаҳои нав илова шуданд.

Акнун ба ҷуз қаллобиву сохтакории ҳуҷҷатҳо ӯ дар содир намудани ҷиноят бо аломатҳои моддаҳои 187 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ), 188 (Бетартибиҳои оммавӣ), 328 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) ва 365 (Гурехтан аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ)-и КҶ ҶТ гумонбар дониста мешавад.

Тавре ҳимоятгари гумонбаршуда Шуҳрат Қудратов хабар дод, Димон Ашӯров ба  гуноҳи худ танҳо дар қаллобиву сохтакории ҳуҷҷатҳо иқрор шудааст. Айни замон ҳимоятгар имкони таҳия ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба мақомоти тафтишотро баррасӣ дорад, ки даст надоштани Ашӯров дар айбномаҳои нави эълоншударо собит месозанд.

«Санаи 21-уми декабри соли гузашта Прокуратураи генералӣ тамоми иштирокчиёни рӯйдодҳои Хоруғро, ки ихтиёран аслиҳаашонро таслим карданд, афв намуд ва маъракаи ихтиёрӣ супурдани аслиҳа бидуни муайян кардани шахсият сурат гирифт. Ин маънои онро дорад, ки ҳамаи ин шахсон аз масъулияти иштирок дар рӯйдодҳои Хоруғ озод мешаванд, вале бо кадом сабабе Ашӯров аз ин афв дар канор монд», – иброз дошт ҳимоятгар.

Ба қавли Қудратов, масъалаи дигари боиси ташвиши ҳимоя дар махфӣ баррасӣ шудани парванда аст, ҳарчанд дар он маълумоти мансуб ба иттилои махфӣ ё сирри давлатӣ мавҷуд нест.

«Зимни вохӯри бо ман Ашӯров аз бад шудани вазъи солимиаш шикоят кард. Ӯ аз дарди пойҳои ҷарроҳишудааш азият мекашад, вале дар тавқифгоҳи мувақатии КДАМ шароити муолиҷа нест. Ашӯров ба таъҷилан бистарӣ шудан дар бемористон ниёз дошта, дар сурати хеле бад шудани вазъи саломатии ӯ, мақомоти тафтишот ва давлат масъуланд», – мегӯяд ҳимоятгар.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии ҶТ, Димон Ашӯров тобистони соли 2012 дар Хоруғ ба гумони даст доштан дар қаллобии содирнамуда дар соли 2004 боздошт шуда, зимни кӯшиши фирор худро аз ошёнаи сеюми бинои Раёсати ВКД ба замин меафканад ва бар асари он ду пояш мешиканад. Сипас барои табобат ба Чин раҳсипор гардида, аз он ҷо боздошт ва ба Тоҷикистон

фиристода шуда буд.

Моҳи январи соли равон прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода зимни нишасти хабарӣ ба журналистон иттилоъ дод, ки истирдоди Давлатбек Давлатбеков (Димон Ашӯров) аз Чин ба Тоҷикистон бар асоси

Созишнома миёни кишварҳо

дар ин хусус сурат гирифтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.