Оғози парвандаи ҷиноӣ оид ба далели сирояти кӯдакон ба ВИЧ

Дар прокуратураи ноҳияи Синои пойтахт оид ба далели сирояти кӯдакон ба Ангезандаи пазируфтаи масунияти одам (ВИЧ) парвандаи ҷиноӣ боз гардид. Парванда аз рӯи далелҳои сироят ба ВИЧ-и қаҳрамонони як силсила маводи ҳафтавори «Азия-Плюс» (« Ребенка заразили ВИЧ в больнице? », «Моего сына заразили СПИДом!» , «Опять ребенка заразили ВИЧ…» и « ВИЧ. Еще один зараженный […]

Акмал Маннонов


Дар прокуратураи ноҳияи Синои пойтахт оид ба далели сирояти кӯдакон ба Ангезандаи пазируфтаи масунияти одам (ВИЧ) парвандаи ҷиноӣ боз гардид.

Парванда аз рӯи далелҳои сироят ба ВИЧ-и қаҳрамонони як силсила маводи ҳафтавори «Азия-Плюс» («

Ребенка заразили ВИЧ в больнице?

»,

«Моего сына заразили СПИДом!»

,

«Опять ребенка заразили ВИЧ…» и

«

ВИЧ. Еще один зараженный ребенок

) оғоз шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали прокурори ноҳияи Сино Мухтор Маҳмудов хабар дод, парванда мутобиқи моддаи 126 КҶ ҶТ (Сироят кардан бо инфексияи ВИЧ) тафтиш мешавад. «Истеҳсолоти чор далел дар як парванда муттаҳид шуда, тафтиш идома дорад», – гуфт ӯ ва бо такя ба сирри тафтишот аз ифшои маълумоти дигар дар ин хусус худдорӣ варзид.

Салим Ҳалимов (ном иваз шудааст), падари яке аз қаҳрамонони маводи ҳафтавор, изҳор намуд, ки ҳангоми баргузор намудани амалҳои тафтишотӣ муфаттиш бо ӯ ҳамсуҳбат шудааст.

«Вазорати тандурустӣ дар бораи ғайриимкон будани вақт ва макони сигряти кӯдак маълумот медиҳад. Ман бар ин боварам, ки кӯдакам дар бемористони пойтахт сироят шудааст, зеро ӯ дар ҳамон ҷо тавассути хуни донорӣ ва таҷҳизоти тиббӣ муолиҷа гирифта буд», – иброз дошт ӯ ва таъкид намуд, тибқи натоиҷи ташхис, ба ҷуз писари хурдӣ дар ҳеҷ кадоме аз аҳли оила инфексияи ВИЧ ошкор нашудааст.

Ба қавли Ҳалимов, ба ӯ дар таҳияи ҳуҷҷатҳо барои пешниҳод ба прокуратура Бюро оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар ҶТ кӯмак расонидааст.

Номбурда изҳори умедворӣ кард, ки парвандаи ҷиноӣ мунсифона баррасӣ шуда, шахсони гунаҳкор ошкор ва минбаъд муҷозот мешаванд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.