Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

Нимаи дуюми имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Идрисовро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистонро «намунаи хуби ҳамкории созандаи минтақавӣ» номида, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд робитаҳои дӯстонаи ду кишвар боз ҳам қавитар […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Идрисовро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистонро «намунаи хуби ҳамкории созандаи минтақавӣ» номида, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд робитаҳои дӯстонаи ду кишвар боз ҳам қавитар мегарданд.

Дар навбати худ, Ерлан Идрисов ҳамроҳшавии Тоҷикистонро ба Созмони ҷаҳонии савдо ва дар шаҳри Душанбе баргузор шудани ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Муколамаи ҳамкориҳои Осиёро нишонаи возеҳи болоравии обурӯю нуфузи ҷаҳонии кишвари мо номида, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ҷумҳуриро бо дастовардҳои муҳими глобалӣ таҳният гуфт.

Зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар соли 2012 ба зиёда аз 700 миллион доллари амрикоӣ расида, нисбат ба соли 2011 150% афзудааст. Ҳамзамон таъкид гардид, ки имкону захираҳо барои боз ҳам афзун намудани ин нишондод хеле зиёд аст. Барои ин фаъолияти бештари мақомоти муштараки ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба, аз ҷумла Хазинаи сармоягузории мустақими Тоҷикистону Қазоқистон, зарур шумурда шуд.

Ба роҳ мондани ҳамкории созанда доир ба истифодаи босамари захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон ва минтақа низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд. Гуфтугӯи судманд доир ба беҳсозии фазои ҳуқуқӣ барои кор ва будубоши бемонеаи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Қазоқистон ва ҳамчунин доир ба густариши робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илму техника, фарҳанг ва ҷаҳонгардӣ сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.