Имзои Барномаи ҳамкории ВКХ Тоҷикистону Қазоқистон

Чанде қабл дар Вазорати корҳои хориҷӣ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисов баргузор гардид. Дар гуфтушунидҳо ҳамчунин ҳайатҳои ҳарду ҷониб ширкат варзиданд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, обию энергетикӣ, гуманитарӣ ва самти муҳочират […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Вазорати корҳои хориҷӣ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисов баргузор гардид. Дар гуфтушунидҳо ҳамчунин ҳайатҳои ҳарду ҷониб ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, обию энергетикӣ, гуманитарӣ ва самти муҳочират муҳокима намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин наздикӣ ва ҳамсон будани мавқеи ду кишварро оид ба ҳаллу фасли аксари масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ зикр намуда, оид ба дастгирии ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалии ҳамдигар изҳори қаноатмандӣ карданд ва зарурати ҳамоҳангсозии минбаъдаи ташаббусҳои сиёсати хориҷии худро роҷеъ ба масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ таъйид сохтанд.

Дар натиҷаи гуфтушунидҳо вазирони корҳои хориҷии ду кишвар Барномаи ҳамкории байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон барои соли 2013-ро ба имзо расониданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.