Сохтмони корхонаи металлургии комбинати Анзоб дар арафаи анҷомёбист

Ояндаи наздик дар заминаи корхонаи ҶСК «Анзобский ГОК»-и Тоҷикистону ИМА корхонаи нави металлургӣ мавриди баҳрбардорӣ қарор мегирад. Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ дар ин робита хабар доданд, маблағи сармоягузории ширкати амрикоӣ ба бунёди корхонаи мазкур ба беш аз 4,5 млн. доллари ИМА расид. «Ширкати «Консап Комодитиз Инк» («Comsup Commodities INK» (ИМА) молики 100%-и […]

Заррина Эргашева


Ояндаи наздик дар заминаи корхонаи ҶСК «Анзобский ГОК»-и Тоҷикистону ИМА корхонаи нави металлургӣ мавриди баҳрбардорӣ қарор мегирад.

Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ дар ин робита хабар доданд, маблағи сармоягузории ширкати амрикоӣ ба бунёди корхонаи мазкур ба беш аз 4,5 млн. доллари ИМА расид.

«Ширкати «Консап Комодитиз Инк» («Comsup Commodities INK» (ИМА) молики 100%-и бастаҳои саҳмияҳои ҶСК «Анзобский ГОК» буда, ин корхонаро ҳанӯз соли 2012 ба истифода доданӣ буд, вале баъзе сабабҳои воқеъӣ боис шуданд, ки муҳлати он дарозтар шавад», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар ҶСК «Анзобский ГОК ҳаҷми истеҳсоли консентрати сурмаи симобдор 427 тонна афзуда, 4 ҳазору 675 тоннаро ташкил додааст, ки он пурра дар хориҷи кишвар коркард мешавад ва бо мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифтани корхонаи нав, барои то 5 ҳазор тонна дар як сол истеҳсол кардани сурмаи металлӣ шароит фароҳам мегардад.

Корхонаи муштараки ҶСК «Анзобский ГОК» корхонаи истихроҷи маъдани кӯҳӣ ва ғанисозии маъдани симоби кони Джикрути ноҳияи Айнии вилояти Суғд мебошад. Дар маҳсулоти истихроҷшуда таркиби сурма аз 40 то 60% ва симоб – то 1%-ро ташкил медиҳад.

Иқтидори лоиҳавии корхона ба истихроҷи 700 ҳазор тонна маъдан дар як сол бо истеҳсоли беш аз 30 ҳазор тонна консентрати сурмаи симобдор баробар аст. Иқтидори воқеъии истихроҷ ва коркарди маъдан ба ҳисоби миёна 350 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.