Нобудсозии беш аз 200 кило мухаддирот дар Суғд

Субҳи имрӯз дар оташдонҳои махсуси Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд беш аз 200 кило маводи мухаддир нобуд карда шуд. Тавре аз Раёсати мазкур хабар доданд, аз 205 кило маводи мухаддири оташзада 139 килояшро маводи нашъаовари ҳашиш, 50 килояшро афюн ва зиёда аз 14 килояшро маводи сахттаъсири героин ташкил доданд. […]

Мавлуда Рафиева


Субҳи имрӯз дар оташдонҳои махсуси Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд беш аз 200 кило маводи мухаддир нобуд карда шуд.

Тавре аз Раёсати мазкур хабар доданд, аз 205 кило маводи мухаддири оташзада 139 килояшро маводи нашъаовари ҳашиш, 50 килояшро афюн ва зиёда аз 14 килояшро маводи сахттаъсири героин ташкил доданд.

Ба иттилои манбаъ, маводи мухаддири нобудшуда ба сифати далели шайъӣ дар 11 парвандаи ҷиноӣ истифода шуда, ҳукми суд нисбати онҳо мавриди амал қарор гирифтааст.

Зимнан зикр гардид, ки дар маросими нобудсозии маводи мухаддир ҳайати комиссияи махсус, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва рӯзноманигорон ҳузур доштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.