Оғози сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон

Имрӯз дар вилояти Лебопи Туркманистон маросими расмии оғози сохтмони қитъаи туркманистонии роҳи оҳани минтақавии Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон баргузор шуд. Бино ба иттилои Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон (TDN, дар маросими ботантана сарони кишварҳои Туркманистон – Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов, Афғонистон – Ҳомид Карзай ва Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд. Қабл аз иштирок дар ин маросим дар маркази маъмурии вилояти […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар вилояти Лебопи Туркманистон маросими расмии оғози сохтмони қитъаи туркманистонии роҳи оҳани минтақавии Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба иттилои Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон (TDN, дар маросими ботантана сарони кишварҳои Туркманистон – Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов, Афғонистон – Ҳомид Карзай ва Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд.

Қабл аз иштирок дар ин маросим дар маркази маъмурии вилояти Лебоп – шаҳри Туркманобод мулоқоти сеҷонибаи сарони кишварҳои Туркманистону Афғонистон ва Тоҷикистон доир гардида, зикр шуд, ки роҳи оҳани мазкур барои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ аҳамияти беандоза бузург дорад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 20-уми марти соли ҷорӣ зимни мулоқоти сеҷонибаи сарони кишварҳои Туркманистону Тоҷикистон ва Афғонистон дар Ашқобод, ки баҳри таҷлили ҷашни Наврӯзи байнулмилалӣ ба пойтахти Туркманистон ташриф оварда буданд, Ёддошти тафоҳум дар бораи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Тоҷикистон-Афғонистон ба имзо расид.

Чанде қабл дар

маҷлиси ҳукумати Туркманистон

президенти ин кишвар Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов муҳимияти сохтмони ин роҳи оҳанро таъкид дошта, изҳор намуд, ки «ин роҳ ҳам ба манфиатҳои кишварҳои иштирокчии лоиҳа ва ҳам ба ҳадафҳои рушди ҳамкориҳои судманди гуногунҷанба дар сатҳи минтақавӣ ва байнулмилалӣ ҷавобгӯ аст».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.