Дархости зиёиён аз президент бобати пуштибонӣ аз З.Саидов

Як гурӯҳи намояндагони зиёиён ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ирсоли номаи кушод ба унвони президенти ҷумҳурӣ аз равандҳои носолим дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии кишвар изҳори нигаронӣ намуданд. Матни мактуб дар шабакаи Facebook интишор шудааст. Дар нома зикр мегардад, ки «зиёиён ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ омодаанд, ҳама талошҳои ҳукуматро барои беҳбуд бахшидан ба оромии шаҳрвандон […]

ASIA-Plus


Як гурӯҳи намояндагони зиёиён ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ирсоли номаи кушод ба унвони президенти ҷумҳурӣ аз равандҳои носолим дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии кишвар изҳори нигаронӣ намуданд. Матни мактуб дар шабакаи Facebook интишор шудааст.

Дар нома зикр мегардад, ки «зиёиён ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ омодаанд, ҳама талошҳои ҳукуматро барои беҳбуд бахшидан ба оромии шаҳрвандон ва пешрафти ҳамаҷонибаи давлат пуштибонӣ кунанд, аммо дар баробари ин, моро равандҳои носолими иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ, аз ҷумла фишор нисбат ба намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мухолифин нигарон кардааст».

«Баъд аз он ки Зайд Саидов боздошт шуду лағви дахлонапазирияшро ҳамчун вакили маҷлиси шаҳри Душанбе бо санаи хеле пештар тартиб доданд ва айбномае, ки дар баробари ӯ эълон гардид, моро ба хулосае водор кардааст, ки ин қазия хислати сиёсӣ дошта, ба таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав рабт мегирад», – баён мегардад дар нома.

Муаллифони нома бар ин назаранд, ки дар боздошти Зайд Саидов, нигаҳдории ӯ ва лағви ваколатҳои вакилияш чандин бандҳои қонунгузории кишвар ва ҳатто Қонуни асосӣ поймол карда шудаанд.

«Давлат ва ҳукумат танҳо дар он ҳолат метавонад пойдор бошад ва бар зидди фишорҳои даруниву берунӣ мубориза барад, ки ба ҷонибдории шаҳрвандон такя кунанд. Аммо аз корҳое, ки дар рӯзҳои охир рух дода истодаанд, чунин бардошт мешавад, ки гурӯҳе аз намояндагони ҳукумат махсус мехоҳанд ҳукуматро бо ин кори худ аз мардум дур созанд», – таъкид мешавад дар мактуб.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, боздошти Зайд Саидов барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба кишвари мо таъсири манфӣ мерасонад ва обрӯи давлати моро дар назди ҷаҳониён коҳиш медиҳад.

Дар нома аз сарвари давлат дархост мешавад, ки ҳамчун кафили Қонуни асосӣ ба ин кор дахолати бевосита намояд, то ки сохторҳои қудратӣ аз доираи ӯҳдадориҳои худ набаромада, аз пайи ҳалли ин масъала шаванд.

«Итминони комил дорем, аз рӯи адолат ҳал шудани мушкили Зайд Саидов метавонад барои амнияти кишвар, барои зиёд шудани боварии мардум ба раванди интихоботи президентии дар пешистода ва барои обрӯи Шумо ва ҳам кишвари мо таъсири мусбат расонад. Умед ба хиради сиёсии Шумо ва волоияти қонун дар кишвар дорем», – изҳор мегардад дар фароварди нома.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.