Қабули қонун дар бораи фаъолияти аудиторӣ

Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» дар таҳрири нав якдилона тасдиқ шуд. Зимни шарҳи қонун ба вакилон муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Руҳулло Ҳакимов изҳор намуд, ки лоиҳаи нави қонун ҷорисозии меъёрҳои байнулмилалӣ дар баргузоии аудит, ташкил аудити дохилӣ ва масъулият барои риоя накардани қонунгузорӣ дар ин соҳаро […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» дар таҳрири нав якдилона тасдиқ шуд.

Зимни шарҳи қонун ба вакилон муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Руҳулло Ҳакимов изҳор намуд, ки лоиҳаи нави қонун ҷорисозии меъёрҳои байнулмилалӣ дар баргузоии аудит, ташкил аудити дохилӣ ва масъулият барои риоя накардани қонунгузорӣ дар ин соҳаро дар назар дорад.

Ба гуфтаи вакил Сафаралӣ Гулов, лоиҳаи қонун дар таҳрири нав ба меъёрҳои байнулмилалӣ дар бахши фаъолияти аудиторӣ ҷавобгӯ буда, тартиби сабти номи ширкатҳои аудиторӣ, фаъолияти озодона ва мустақили онҳо ва сирҳои махфии аудитро мушаххас ва ҳамчунин ба рушди ин бахш ва баргузории аудити хушсифат мусоидат менамояд.

Сафаралӣ Гулов ҳамчунин гуфт, дар қонун зикр мегардад, ки аудитро танҳо аудитори дорои собиқаи корӣ ва озод аз доғи судӣ гузаронида метавонад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти МНМО ҶТ, дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ҳамчунин лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ” низ мавриди муҳокимаи вакилон қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 55 миллион тонна партовҳои радиоактиви саноати коркарди маъдани урандор ва беш аз ҳазор адад манбаъҳои афканишоти ионофари муҳлати истифодаашон ба итмом расида мавҷуданд. Тавассути  лоиҳаи Қонуни пешниҳодшуда муносибатҳои ҳуқуқии муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва ба меъёрҳову стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ намудани ҳолати маҳфузи ин партовҳо таъмин мегарданд. 

Вакилони лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»- ро пас аз суханрониҳои вакилони  парлумон  Шодӣ Шабдолов ва Абдузафар Иномов қабул намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.