Пешгирии интиқоли 123 кило мухаддирот аз ВМКБ ба Суғд

Кормандони Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ аз интиқоли миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир аз ВМКБ ба вилояти Суғд дар ҳаҷми 123 кило ҷилавгирӣ намуданд, ки аз ин миқдор 101,5 килояшро ҳашиши тар, ҳудуди 19 килояшро ҳашиши қоқ ва наздик ба 3 килояшро героин ташкил медиҳад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сарнозири хадамоти матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ […]

ASIA-Plus


Кормандони Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ аз интиқоли миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир аз ВМКБ ба вилояти Суғд дар ҳаҷми 123 кило ҷилавгирӣ намуданд, ки аз ин миқдор 101,5 килояшро ҳашиши тар, ҳудуди 19 килояшро ҳашиши қоқ ва наздик ба 3 килояшро героин ташкил медиҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сарнозири хадамоти матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Нурулло Шарифов хабар дод, тибқи маълумоти пешакӣ ин маводи мухаддир ба ронандаи автомашинаи КамАЗ шаҳрванд А.Холов тааллуқ дошта, ӯ онро дар пинҳонгоҳи автомашина аз ВМКБ ба вилояти Суғд интиқол доданӣ будааст. «Гумонбаршуда боздошт ва айни замон баёнот медиҳад», – гуфт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Қобили зикр аст, ки соли равон кормандони гумрук аз 14 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуда, беш аз 168 кило маводи мухаддиррро ошкор ва мусодира карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.