Шаҳрдори пойтахт ваҳдати миллиро шарҳ дод

Дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ (27-уми июн) дар сомонаи мақомоти шаҳрдории пойтахт як маводи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев интишор гардид, ки дар он андешаҳои ӯ перомуни таҳдидҳо ба тамомият ва ваҳдати миллӣ баён шудаанд. Ба андешаи раиси пойтахт, айни замон раванди ваҳдат дар як давлат ё ҷомеа на танҳо ба омилҳои дохилӣ […]

ASIA-Plus


Дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ (27-уми июн) дар сомонаи мақомоти шаҳрдории пойтахт як маводи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев интишор гардид, ки дар он андешаҳои ӯ перомуни таҳдидҳо ба тамомият ва ваҳдати миллӣ баён шудаанд.

Ба андешаи раиси пойтахт, айни замон раванди ваҳдат дар як давлат ё ҷомеа на танҳо ба омилҳои дохилӣ вобаста буда, омилҳои берунӣ, аз ҷумла муносибатҳои байни давлатҳо, таҳдидҳои замони ҷаҳоншавӣ низ барои ҳалли масъалаи таҳкими ваҳдат ва субот дар минтақа ва ҷаҳон андешидани тадбирҳои якҷоя ва зарурро ба миён мегузоранд.

«Имрӯз баъзе неруҳои ҷаҳонӣ барои ҷорӣ кардани низоми ба худашон маъқул аз зӯроварӣ ва қувваҳои низомӣ низ истифода мекунанд, вале ҷомеаи хушбахтонаи инсониро чунон ки донишмандони бузурги Ғарбу Шарқ қайд карданд, на ба воситаи зӯроварӣ ва фишорҳо, балки аз роҳи дониш ва такя ба ақлу хирад ва эҳтироми ҳуқуқи табиии дигарон барпо кардан имконпазир аст», – менавсиад Убайдуллоев.

 Ӯ ба омилҳои глобалии ба давлат ва ваҳдати миллӣ хатаровари имрӯза ишора намуда, зикр кардааст, ки он, пеш аз ҳама, хатарҳои экологӣ, терроризми байналхалқӣ, ҷинояткории трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, бештар шудани тамоили тундгароёнаи динӣ, афзудани бекорӣ ва ғайра мебошанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд ва кишвари мо низ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин хатарҳо ба пуррагӣ эмин намебошад.

Дар идомаи мақола гуфта мешавад, дар шароити ҳозира ба ваҳдати миллии мо омилҳои идеологӣ–мафкуравӣ низ таҳдид мекунанд ва хатар эҷод менамоянд. «Тавре дар Паёми хеш 26 апрели соли 2013 Президенти кишвар таъкид намудааст:– «қатъиян таъкид месозам, ки роҳи пешгирифтаи мо – бунёди давлати дунявӣ, ҳуқуҳбунёд ва демократӣ аст. Ин меъёр дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум гардидааст ва тағйирнопазир мебошад. Ба ибораи дигар, мо дар радифи арзишҳои милливу диниамон ба арзишҳои дунявии умумибашарӣ арҷ мегузорем ва равандҳои демократиро фаъолона ва пайгирона дастгирӣ менамоем. Озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки рукнҳои асосии давлати демократӣ мебошанд, бояд дар доираи қонун сурат гиранд ва ба ҳеҷ ваҷҳ суботи ҷомеаро халалдор насозанд», – омадааст дарпр мақолаи раиси пойтахт.

Ҳамчунин баён мегардад, ки дар давраи мураккаби ҷаҳонишавӣ баъзе қувваҳо ба ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии ҷомеаамон манфиатдор нестанд. «Қувваҳое, ки тундгароии динӣ ва терроризмро паҳн карда, мақсадҳои сиёсии худро мехоҳанд амалӣ намоянд, аз ашхоси ноогоҳ ва худшиносии миллию ҳисси ватанпарастиашон заиф истифода намуда, ба ин васила ба вазъи муътадили ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки бо истифода аз потенсиали  ҳамаи рукнҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои дигари ҷамъиятӣ баҳри таҳким ва муттасилии ваҳдати миллӣ якҷоя фаъолият намуда, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҳар як шаҳрвандро вазифаи муҳимтарини худ шуморем», – зикр мегардад дар мавод.

Матни комили мақоларо

аз ин суроға

метавонед дастрас кунед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҳамоиши байналмилалии об дар Душанбе. Нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим баррасӣ шуд

Дирӯз, 25-уми май дар Душанбе Ҳамоиши чоруми байналмилалии об, ки яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аст,...

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.